До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Исломиада: Туркия ба ҷои аввал баромад

Исломиада: Туркия ба ҷои аввал баромад

 

Исломиада: Туркия ба ҷои аввал баромад

Дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷараён дорад, пас аз се рӯзи мусобиқаҳо варзишгарони Туркия бо ба даст овардани 35 медали тилло, 32 нуқра ва 27 биринҷӣ дар ҷадвали бозиҳо ба ҷои аввал баромаданд.

Озарбойҷон, ки дирӯз дар ҷои аввал буд, бо 35 медали тилло, 23 нуқра ва 13 биринҷӣ дар ҷои дуюм аст. Эрон (7, 11, 12) дар мақоми сеюм, Узбекистон (6, 6, 18) дар мақоми чорум, Индонезия (5, 13, 14) дар ҷои панҷуми ҷадвал қарор доранд.

Умуман, варзишгарони 15 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. 24 давлат соҳиби медал шуданд.

Тавре иттилоъ дода будем, дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ наздики 3000 варзишгар аз 54 давлат дар 21 намуди варзиш барои 269 маҷмуи медалҳо рақобат доранд. Аз кишвари мо дар ин бозиҳо 29 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш ширкат мекунанд. Дар мусобиқот оид ба дзюдо Хоҷазода Беҳрӯз (вазни 73 кило, миёни мардон) ва Шоҳида Қаландарова (57 кило, миёни занон) ва дар рақобатҳои вазнбардорӣ Илҳомҷон Шукуров (69 кило, миёни мардон) аз медал маҳрум монданд.

Варзишгарони мо дар намудҳои тирпаронӣ (масофаи 10 метр, миёни занон ва мардон), таеквандо (ВТФ), гуштини озод ва зӯрхона барои медалҳо рақобат мекунанд.

4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ то 22 май идома меёбад.

скачать dle 10.2 КиноСвин