До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Исломиада: Озарбойҷон пешсаф аст

Исломиада: Озарбойҷон пешсаф аст

 

Исломиада: Озарбойҷон пешсаф аст

12 май дар варзишгоҳи олимпии шаҳри Бокуи Озарбойҷон маросими ифтитоҳи 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор шуд. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бозиҳоро кушода эълон кард.

 

Дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ наздики 3000 варзишгар аз 54 давлат дар 21 намуди варзиш барои 269 маҷмуи медалҳо рақобат мекунанд. Чанд намуди варзиш – гуштин, дзюдо, парадзюдо, параатлетика, бокс, зӯрхона, тирпаронӣ, гимнастикаи бадеӣ ва варзишӣ бори аввал ба барномаи бозиҳо ворид карда шуданд.

Аз кишвари мо дар ин бозиҳо 29 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш ширкат мекунанд. Дар мусобиқот оид ба дзюдо Хоҷазода Беҳрӯз (вазни 73 кило, миёни мардон) ва Шоҳида Қаландарова (57 кило, миёни занон) аз медал маҳрум монданд.

Тими волейболи занонаи кишвар дар ду бозӣ аз дастаҳои Озарбойҷон ва Туркия бо ҳисоби 0:3 шикаст хурд.

Варзишгарони мо, инчунин дар намудҳои тирпаронӣ (масофаи 10 метр, миёни занон ва мардон), таеквандо (ВТФ), вазнбардорӣ, гуштини озод, зӯрхона барои медалҳо рақобат мекунанд.

Дар ду рӯзи рақобатҳо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бо ба даст овардани 25 медали тилло, 18 нуқра, 10 биринҷӣ пешсаф аст. Туркия, ки 22 медали тилло, 24 нуқра ва 16 биринҷӣ дорад, дар зинаи дуюм, Узбекистон бо 6 медали тилло, 4 нуқра ва 12 биринҷӣ дар мақоми сеюм ҷой доранд. Умуман варзишгарони 13 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Варзишгарони 24 давлат соҳиби медал шуданд.

4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ то 22 май идома меёбад.


 


скачать dle 10.2 КиноСвин