До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 9 медали дзюдочиёни ҷавон аз Узбекистон

9 медали дзюдочиёни ҷавон аз Узбекистон

 

 

Варзишгарони ҷавони кишвар дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон 9 медал – 5 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқа 11-14 май дар шаҳри Чирчиқи Узбекистон бо иштироки наздики 200 варзишгар аз 9 давлат – Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон баргузор шуд.

Миёни наврасон варзишгарони мо дар вазнҳои 52 (занон), 55, 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 кило (мардон) рақобат карданд. Дар вазни 81 кило Ҷаҳонгир Маҷидов, дар вазни 100 кило Тимур Раҳимов ва дар вазни +100 кило Ардашер Мирзоев сазовори медали тилло гардиданд. Раҳматуллобек Фарҳодов (81 кило) медали нуқра, Эраҷ Абдуллоев (73 кило), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кило) ва Шукрона Қарчиева (52 кило, миёни бонувон) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар мусобиқа байни ҷавонон Шодмон Ризоев (50 кило) ва Ҷамолиддин Абдуллоев (66) медали тиллоро ба гардан овехтанд. Худобахши Аброр (55), Муҳаммадризо Қувватов (60), Эмомризо Қурбонов ҷои панҷум, Хушвахт Идиев ва Бобоҷон Бобоев ҷои ҳафтумро сазовор шуданд.
 
Дар акс Шукрона Қарчиева бо мураббиаш
скачать dle 10.2 КиноСвин