До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 13 варзишгар Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё оид ба намудҳои гуштин намояндагӣ мекунанд

13 варзишгар Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё оид ба намудҳои гуштин намояндагӣ мекунанд

10-14 майи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Ҳиндустон – шаҳри Ню-Деҳлӣ Чемпионати Осиё оид ба намудҳои гуштин доир мегардад.

Шарафи варзиши ҷумҳурии моро дар ин чемпионат 13 нафар варзишгар аз рӯи намудҳои гуштини озод ва классикӣ (юнонӣ-румӣ) ҳимоя мекунанд.

Тавре аз Федератсияи гуштини Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба Чемпионати Осиё оид ба намудҳои гуштин Аз Тоҷикистон Ҷамшед Шарифов (вазни 57 кило), Абдулқосим Файзиев (61), Амирҷони Саидҷон (65), Ғуломҷон Шарифов (70), Салимҷон Ҳалимзода (74), Баҳодур Қодиров (86), Искандари Рустам (97), Фарҳод Анақулов (125) дар намуди гуштини озод, Рӯзадор Ҷуганиев (59), Суҳроб Ҳоҷиев (71), Бахтовар Ҳасанов (75), Суҳроб Абдулҳаев (80) ва Азиз Зарипов (98) дар намуди классикӣ таҳти роҳбарии мураббиён Абдурозиқ Олимов ва Ҳабибулло Абдуллоев сафарбар гардиданд. скачать dle 10.2 КиноСвин