До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба Боку сафар кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба Боку сафар кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба Боку сафар кард

10 майи соли равон дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои варзиш барои ширкат дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар кард.

4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 12-22 майи соли равон бо фаро гирифтани 3000 варзишгар аз 50 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш ворид карда шудааст.

Варзишгарони ҷумҳурии мо дар ҳайати 29 нафар аз рӯи 7 намуди варзиш – дзюдо: Қаландарова Шоҳида (-57 кило), Хаҷозода Беҳрӯз (-66), тирпаронӣ: Лагутенко Малика, Нозанин Лутфуллоева, Бежан Файзуллоев (ҳар се дар масофаи 10 метр), таеквандо (WTF): Моҳру Ҳалимова (+73 кило), Фарҳод Неъматов (-87), волейбол: Суханоро Абдуллоева, Азима Абдураҳмонова, Замира Ашӯрзода, Малика Диловаршоева, Муштарӣ Ҷоналишоева, Шукрия Муродбекова, Шаҳноза Назирова, Мағфират Норова, Назокат Норова, Наима Ёрмамадова, Сафина Зоалшоева (миёни занон), вазнбардорӣ: Илҳомҷон Шукуров (77 кило), гуштини озод: Сорбон Абдулҳаев (70 кило), Фарҳод Анақулов (125), Гамид Ҷалилов (74), Тоҷиддин Хоҷаев (65), Баҳодур Қодиров (86), варзишҳои зӯрхонаӣ: Наврӯз Арабов, Маъруф Маҳмудов, Назаралӣ Абдуалӣ, Исмоил Сангов, Баҳодур Тоҳиров таҳти роҳбарии Носир Бозоров – сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Боку иштирок мекунанд.

Қабл аз сафар Аҳтам Абдуллозода – муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҳайати дастаи мунтахаб мулоқот карда, ба онҳо барору комёбӣ таманно кард. Зимни мулоқот А. Абдуллозода масъулияти бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистонро ҳангоми гузашти ҳайати кишварҳо дар маросими кушодашавии 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бар дӯши варзишгар Хоҷазода Беҳрӯз вогузошт.

 

Хоҷазода Беҳрӯзи Саъдулло барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон (соли 2014) ва калонсолон (соли 2015), чемпиони Тоҷикистон оид ба дзюдо (соли 2016), 4 карат чемпиони Тоҷикистон дар намуди гуштини миллӣ, ғолиби мусобиқаҳои гуштини миллӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Наврӯз-2016-2017, Ҷоми Пойтахт мебошад.

скачать dle 10.2 КиноСвин