До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Нишони нави Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд

Нишони нави Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд

Нишони нави Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд

8-уми майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки зимни он нишони нави Кумита тасдиқ гардид.

 

Дар ҷаласа муовинони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам, Шамсулло Соҳибов ва аъзои кумитаи иҷроия – котиби генерелӣ, директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ, намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ, Ассотсиатсияи олимпичиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон ширкат доштанд.

Аъзои кумитаи иҷроия масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа пешниҳодшударо баррасӣ карда, қарорҳои дахлдор бароварданд. Аз ҷумла, тибқи масъалаи якуми рӯзнома дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров – сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ роҳбари дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар IV Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки 12-22 майи соли 2017 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегардад ва Эркин Латипов – мудири Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва кор бо барномаҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар V Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки 17-27 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон доир мегардад, таъин шуданд.

Тибқи масъалаи дуюми ҷаласа ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар IV Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон тасдиқ шуд. Дар ин бозиҳо шарафи варзиши ҷумҳурии моро 29 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш – дзюдо, тирпаронӣ аз камон, таеквандо (ВТФ), волейбол, вазнбардорӣ, гуштини озод ва варзиши зӯрхонаӣ ҳимоя мекунанд.

Вобаста ба масъалаҳои сеюм ва чоруми рӯзномаи ҷаласа муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов баромад кард. Зикр шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба вазифаи директори генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Эркин Латипов розигӣ доданд. Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони нави Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Нишони нав аз ду қисм иборат аст. Дар қисми болои нишон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати парафшон бо зернавишти "TAJIKISTAN” акс ёфтааст. Ин рамзи парафшонии Парчами Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии варзиширо низ ифода мекунад. Дар қисмати поёни нишон рамзи олимпиада – 5 ҳалқаи ба ҳам пайваст ҷой карда шудааст. Нишони нави Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз мувофиқа бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ расман дар ҳуҷҷатгузорӣ, либоси варзишии дастаҳои мунтахаб ва чорабиниҳои варзишӣ истифода мегардад.

Нишони нави Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд

Дар ҷаласа нақшаи кории Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 низ тасдиқ шуд. Зимни гузориш зикр гардид, ки тибқи нақшаи корӣ соли равон бо дастгирии муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов бинои Кумита таъмир шуда, утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти нави дафтардорию технологӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин дар назди Кумита Маркази дастгирии федератсияҳои миллии варзишӣ, Осорхонаи "Шарафи олимпӣ” ва Гулбоғи олимпӣ таъсис меёбанд.

 

Дар интиҳо руйхати номзадҳо – варзишгарон барои дарёфти дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, дар давраҳои олимпии гузашта муҳлати дастгирии молиявии варзишгарон аз ҷониби Ҳамбастагии олимпӣ 2 солро дар бар мегирифт. Ин навбат ин лоиҳа барои се сол пешбинӣ шудааст.

Бо қарори кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ номзадии 18 нафар варзишгар, ки натиҷаҳои хуби варзишӣ доранд ва эҳтимол аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 роҳхат ба даст меоранд, барои пешниҳод ба дарёфти дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ тасдиқ шуд. Ҳамбастагии олимпӣ аз миёни 18 нафар 15 нафарро интихоб ва барои сазовор шудан ба дастгирии молиявӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ пешбарӣ мекунад. Муҳлати татбиқи ин лоиҳа аз сентябри соли 2017 то сентябри соли 2020-ро дар бар мегирад.

Аъзои кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон масъалаҳои дигари соҳаи варзишро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нишони нави Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд

 


 

скачать dle 10.2 КиноСвин