До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Чемпионати Осиё: Ҷаҳон Қурбонов дар нимфинал

Чемпионати Осиё: Ҷаҳон Қурбонов дар нимфинал

Чемпионати Осиё: Ҷаҳон Қурбонов дар нимфинал

Муштзани маъруфи кишвар Ҷаҳон Қурбонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд ҷараён дорад, дирӯз – 3 май – Маҳмуд Саноуллоҳи покистониро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, ба нимфинал баромад ва ҳадди аққал соҳиби медали биринҷӣ мегардад.

Ҷаҳон дар вазни 91 кило мусобиқаро аз чорякфинал оғоз кард. Рақиби ӯ дар нимфинал (5 май) Сумит Сангван аз Индонезия мебошад.  

Варзишгари дигари ҷумҳурии мо Шаббос Негматуллоев, ки дар вазни 81 кило дар рақобати аввалаш бар Ҳе Шао-Ҳуӣ (Тайбэй) бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард, 3 май дар рақобати дуюмаш аз муштзани узбекистонӣ Бектемир Мелиқузиев шикаст хурд.

Ҳамин тариқ, аз 8 намояндаи Тоҷикистон дар чемпионати бокси Осиё - Асрор Воҳидов (-56 кг), Баҳодур Усмонов (-60 кг), Фурқатҷони Одилхон (-64 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75 кг), Бахтовар Сагизов (-52 кг), Шаббос Негматуллоев (-81 кг), Ҷаҳон Қурбонов (-91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг), танҳо Ҷаҳон мусобиқаро идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардон 179 варзишгар аз 28 кишвар ширкат доранд.

скачать dle 10.2 КиноСвин