До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ғалабаи “Истиқлол” бар “Олой” дар меҳмонӣ

Ғалабаи “Истиқлол” бар “Олой” дар меҳмонӣ

Ғалабаи “Истиқлол” бар “Олой” дар меҳмонӣ

Чемпиони Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар гурӯҳи "D” дар меҳмонӣ тими "Олой”-и Ушро (Қирғизистон) бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Манучеҳр Ҷалилов ва Дилшод Восиев дуголӣ заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи "Олтин Асир”-и Ашхобод (Туркманистон) бар тими дигари Қирғизистон – "Дордой”-и Бишкек бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Баъд аз чор давр дар садри ҷадвали мусобиқа дар гурӯҳи "D” ду даста – "Истиқлол” ва "Олтин Асир” бо 10-холӣ қарор гирифтанд. Дастаҳои Қирғизистон – "Дордой” ва "Олой” аз ҳаққи идомаи ширкат дар марҳилаи баъдии Ҷоми КФО-2018 маҳрум шуданд.

Дастаи "Истиқлол” дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 17 май бо дастаи "Дордой” вомехӯрад. Бозии дигари гурӯҳ миёни "Олтин Асир” ва "Олой” сурат мегирад.

Ба марҳилаи баъдии Ҷоми КФО фақат ғолиби гурӯҳи "D” роҳхат мегирад. скачать dle 10.2 КиноСвин