До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 21 май – Рӯзи Дави миллӣ

21 май – Рӯзи Дави миллӣ

21 май – Рӯзи Дави миллӣ

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 ва банди 10-и нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, № АП – 833 тасдиқ шудааст ва бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он, 21 майи соли 2017, соати 9:00 дар қаламрави кишвар Дави миллӣ баргузор мегардад.

Дави миллӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз соли 2007 ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май доир мешавад. Дар он хурду калон, новобаста ба синну сол иштирок мекунанд.

Масири Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз посгоҳи маҳаллаи Чорбоғ тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳро дарбар мегирад. Сафи иштирокчиёни ин чорабинӣ сол то сол меафзояд. Соли гузашта дар Дави миллӣ наздики 500000 нафар ширкат карда буданд.

скачать dle 10.2 КиноСвин