До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Чемпионати Осиё: Пирӯзии Шаббос Негматуллоев бар рақиби тайбэйиаш

Чемпионати Осиё: Пирӯзии Шаббос Негматуллоев бар рақиби тайбэйиаш

Тавре иттилоъ дода будем, 30 апрел дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд чемпионати Осиё оид ба бокс шуруъ шуд, ки то 7 май идома меёбад.

Дар рӯзи сеюми рақобатҳо (2 май) 3 намоядаи ҷумҳурии мо рӯи ринг баромаданд. Шаббос Негматуллоев дар вазни 81 кило бар рақиби худ Ҳе Шао-Ҳуӣ (Тайбэй) бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Шаббос имрӯз – 3 май - бо муштзани узбекистонӣ Бектемир Меликузиев рақобат мекунад.

Имрӯз, ҳамчунин муштзани маъруфи кишвар Ҷаҳон Қурбонов вориди ринг мегардад. Ҳарифи ӯ Маҳмуд Санауллоҳи покистонӣ мебошад.

Ду варзишгари дигари тоҷик - Бахтиёр Сагизов дар вазни 52 кило аз Сеневиразе Бандара (Шри-Ланка) бо ҳисоби 2:3 ва Сиёвуш Зуҳуров дар вазни +91 кило аз Ҳайпенг Му (Чин) бо ҳисоби 0:5 шикаст хурданд.

Намояндагони дигари ҷумҳурии мо дар рӯзи дуюми мусобиқот аз ҳарифонашон мағлуб гашта, аз идомаи сабқат маҳрум шуданд. Асрор Воҳидов (-56 кило), ки дар нахустин рақобаташ бар муштзани Непал Пуран Рой бо ҳисоби 5:0 ғолиб шуд, дар даври дуюм аз Румей Танакаи ҷопонӣ бо ҳисоби 0:4 мағлуб гашт. Дар вазни -64 кило варзишгари дигари Тоҷикистон – Фурқатҷони Одилхон низ шикаст хурд – 1:4. Ҳарифи ӯ Сараҳатуа Лумбантобинг аз Индонезия буд. Мирзомуҳаммад Бахтиёр (-74 кило) бошад, рақобатро бар муштзани туркман Азиз Очилов бохт – 0:5. Дар рӯзи аввал Баҳодур Усмонов дар вазни -60 кило дар рақобати аввалаш аз Умар Ҳасани ироқӣ бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Дар чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардон 179 варзишгар аз 28 кишвар ширкат доранд. скачать dle 10.2 КиноСвин