До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дар Душанбе аввалин мусобиқаи байналмилалии теннис доир мегардад

Дар Душанбе аввалин мусобиқаи байналмилалии теннис доир мегардад

Дар Душанбе аввалин мусобиқаи байналмилалии теннис доир мегардад

Аз 6 то 21 май дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни ҷавонон "Tajikistan Open” доир мегардад.

Дар ин бора "Азия плюс” иттилоъ додааст. Ин мусобиқа бори нахуст ба муносибати Соли ҷавонон баргузор шуда, дар он иштироки намояндагони 17 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи тенниси Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Федератсияи байналмилалии теннис доир гардида, сарпарасти кулли чорабинӣ ва яке аз ташкилкунандагони он меҳмонхонаи «Серена Душанбе» мебошад.

Баргузор намудани мусобиқаҳои байналмилалӣ дар чунин сатҳ ба пешрафти намудҳои варзиши кишвар ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад. скачать dle 10.2 КиноСвин