До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Чемпиони олимпӣ – Юрий Лобанов аз олам даргузашт

Чемпиони олимпӣ – Юрий Лобанов аз олам даргузашт

Чемпиони олимпӣ – Юрий Лобанов аз олам даргузашт

Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки 1-уми май дар шаҳри Маскваи Федератсияи Русия чемпиони олимпӣ оид ба қайиқронӣ дар соли 1972, 8 карат қаҳрамони ҷаҳон, Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС Юрий Терентевич Лобанов аз олам даргузашт.

 

Юрий Лобанов 29 сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Ӯ аз кӯдакӣ ба қайиқронӣ таваҷҷуҳ пайдо кард ва ҳамроҳи бародараш Михаил Лобанов дар ҷамъияти варзишии "Тоҷикистон” ба тамрин машғул шуданд.

Дар Бозиҳои олимпии Мюнхен соли 1972 дар намуди каноэи дунафара ҳамроҳи Владас Чесюнас дар масофаи 1000 метр бо натиҷаи 03:52:6 медали тилло ба даст овард. Дар Бозиҳои олимпии Маскав соли 1980 дар намуди каноэи дукаса бо Василий Юрченко сазовори медали биринҷӣ гашт.

Дар намуди каноэи дунафара ӯ, ҳамчунин 8 маротиба дар масофаҳои 1000 ва 10000 метр унвони қаҳрамони ҷаҳонро сазовор шудааст ва 2-маротибаӣ медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст овардааст.

Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони Юрий Терентевич Лобанов изҳори ҳамадардии амиқ карда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳад.

скачать dle 10.2 КиноСвин