До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Чемпионати Осиё: нобарории муштзанҳои тоҷик дар рӯзи дуюм

Чемпионати Осиё: нобарории муштзанҳои тоҷик дар рӯзи дуюм

 

Чемпионати Осиё: нобарории муштзанҳои тоҷик дар рӯзи дуюм

30 апрел дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд чемпионати Осиё оид ба бокс шуруъ шуд, ки то 7 май идома меёбад.

 

Рӯзи дуюми мусобиқот барои муштзанҳои мо бебарор омад. Асрор Воҳидов (-56 кило), ки дар нахустин рақобаташ бар муштзани Непал Пуран Рой бо ҳисоби 5:0 ғолиб шуд, дар даври дуюм аз Румей Танакаи ҷопонӣ бо ҳисоби 0:4 мағлуб гашт.

Дар вазни -64 кило варзишгари дигари Тоҷикистон – Фурқатҷони Одилхон низ шикаст хурд – 1:4. Ҳарифи ӯ Сараҳатуа Лумбантобинг аз Индонезия буд. Мирзомуҳаммад Бахтиёр (-74 кило) бошад, рақобатро бар муштзани туркман Азиз Очилов бохт – 0:5.

Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 8 нафар Асрор Воҳидов (-56 кг), Баҳодур Усмонов (-60 кг), Фурқатҷони Одилхон (-64 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75 кг), Бахтовар Сагизов (-52 кг), Шаббос Негматуллоев (-81 кг), Ҷаҳон Қурбонов (-91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) ширкат доранд.

Дар рӯзи аввал Баҳодур Усмонов дар вазни -60 кило дар рақобати аввалаш аз Умар Ҳасани ироқӣ бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Имрӯз – 2 май – дар рӯзи сеюми мусобиқаҳо се муштзани мо ба ринг мебароянд: дар вазни 81 кило Шаббос Негматуллоев бо Ҳе Шао-Ҳуӣ (Тайбэй), дар вазни 52 кило Бахтиёр Сагизов бо Сеневиразе Бандара (Шри-Ланка) ва дар вазни +91 кило Сиёвуш Зуҳуров бо Ҳайпенг Му (Чин).

Дар рақобатҳо 179 варзишгар аз 28 кишвари Осиё ширкат доранд. скачать dle 10.2 КиноСвин