До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Медали биринҷии шиноварони тоҷик дар чемпионати Осиёи Марказӣ

Медали биринҷии шиноварони тоҷик дар чемпионати Осиёи Марказӣ

 

Медали биринҷии шиноварони тоҷик дар чемпионати Осиёи Марказӣ

Шиноварони мо дар чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба шиноварӣ дар намуди эстафетаи 4х50 миёни занон дар ҳайати Карина Климик, Анастасия Тюрина, Аниса Ҷӯраева ва Гулшан Шодиева соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Мусобиқа 26-27 апрел дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашхобод доир гашт. Дар он 60 варзишгар аз 7 кишвар – Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон барои медалҳо рақобат карданд. Аз ҷумҳурии мо дар ин чемпионат 12 нафар ширкат доштанд.

Дар ҳайати даставӣ Қирғизистон бо ба даст овардани 6 медали тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ ғолиб шуд. Ҷои дуюмро шиноварони Қазоқистон бо 4 медали тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ соҳиб шуданд. Мақоми сеюм бо 3 медали тилло, 6 нуқра ва 6 биринҷӣ насиби тими Эрон гардид. скачать dle 10.2 КиноСвин