До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Бозгашти Мария Шарапова ба майдон баъд аз 15 моҳ

Бозгашти Мария Шарапова ба майдон баъд аз 15 моҳ

Бозгашти Мария Шарапова ба майдон баъд аз 15 моҳ

Теннисбози маъруфи рус Мария Шарапова баъди 15 моҳи таваққуф дубора ба майдон баргашт. Иштироки Шарапова дар мусобиқаҳо барои истеъмоли доруҳои мамнуъ манъ шуда буд.

Вай бори нахуст 25 апрел дар як мусобиқаи Штутгарт иштирок ва теннисбози итолиёӣ Роберта Винчиро дар давоми як соату 45 дақиқа бо ҳисоби 7:5 ва 6:4 шикаст дод.

Теннисбози 30-солаи рус, ки дар раддабандиҳо ҳанӯз мақоме надорад, агар дар Штутгарт холи заруриро ба даст орад, метавонад дар Мусобиқаи кушоди Фаронса - "Roland Garros” ширкат варзад.

Шарапова ба майдони асосии "Сарпӯши бузург” замоне метавонад ворид шавад, ки ташкилкунандаҳои он иҷозат диҳанд. Дар ин бора 16 май тасмим гирифта мешавад.

Мария Шарапова 7 март дар як нишасти хабарӣ дар ИМА гуфт, дар ташхиси допингии вай, ки моҳи январ анҷом шуд, нишонаҳои доруи "Мелдония” ошкор гардид. Ба гуфтаи варзишгар, вай ин навъи доруҳоро чанд сол пештар истеъмол мекард ва дар бораи он ки аз 1 январ истифодаи онҳо манъ шудааст, хабар надошт.

Моҳи майи ҳамон сол Федератсияи байналмилалии теннис Шараповаро ду сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум кард ва барандаи панҷ мусобиқаи "Сарпӯши бузург” натавонист дар Бозиҳои олимпиии Рио-де-Жанейро ширкат кунад. скачать dle 10.2 КиноСвин