До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ҳарифони тими наврасон ва ҷавонони кишвар дар чемпионати Осиё-2018 маълум шуд

Ҳарифони тими наврасон ва ҷавонони кишвар дар чемпионати Осиё-2018 маълум шуд

 

Ҳарифони тими наврасон ва ҷавонони кишвар дар чемпионати Осиё-2018 маълум шуд

Ҷадвали бозиҳои марҳалаи интихобии чемпионати Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (то 16-солаҳо) ва ҷавонон (то 19-солаҳо), ки дар ҳар ду дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон иштирок мекунанд, тасдиқ шуд.

 

Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 дар гурӯҳи "В”, ки аз дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Умон, Сурия, Туркманистон ва Малдив таркиб ёфтааст, 16-24 сентябри соли равон дар кишвари мо баргузор мешавад. Тими наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар нахустин бозиаш 16 сентябр бо Сурия вомехурад.

Аз 31 октябр то 8 ноябр бошад, дар Тоҷикистон марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар гурӯҳи "В” баргузор мешавад. Тими ҷавонони кишвар барои роҳхат ба марҳилаи финалӣ бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбекистон, Бангладеш, Шри-Ланка ва Малдив рақобат мекунад. Тими ҷавонони кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко мусобиқаро 31 октябр бо бозӣ бар муқобили Бангладеш оғоз мекунад.

Тибқи низомнома ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018 миёни наврасон (U16) ва ҷавонон (U19) ғолибони 10 гурӯҳ ва дастаҳои беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо роҳхат мегиранд.

 

Чемпионати Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби то 16-сола

Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «В»

1-ум давр

16 сентябр (шанбе)

Сурия – ТОҶИКИСТОН

Малдив – Туркманистон

 

2-юм давр

18 сентябр (душанбе)

Туркманистон – Умон

Малдив – Сурия

 

3-юм давр

20 сентябр (чоршанбе)

Умон – Малдив

ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

 

4-ум давр

22 сентябр (ҷумъа)

ТОҶИКИСТОН – Малдив

Сурия – Умон

 

5-ум давр

24 сентябр (якшанбе)

Туркманистон – Сурия

Умон – ТОҶИКИСТОН

 

Чемпионати Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «В»

 

1-ум давр

31 октябр (сешанбе)

Бангладеш – ТОҶИКИСТОН

Малдив – Шри-Ланка

 

2-юм давр

2 ноябр (панҷшанбе)

Шри-Ланка – Узбекистон

Малдив – Бангладеш


3-юм давр

4 ноябр (шанбе)

Узбекистон – Малдив

ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка

 

4-ум давр

6 ноябр (душанбе)

ТОҶИКИСТОН – Малдив

Бангладеш – Узбекистон

 

5-ум давр

8 ноябр (чоршанбе)

Шри-Ланка – Бангладеш

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН скачать dle 10.2 КиноСвин