До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Таэквандо (WTF): се медали варзишгарони тоҷик дар “Kazakhstan open – WTF G1”

Таэквандо (WTF): се медали варзишгарони тоҷик дар “Kazakhstan open – WTF G1”

 

Таэквандо (WTF): се медали варзишгарони тоҷик дар “Kazakhstan open – WTF G1”

22-24 апрел дар шаҳри Атирайи Қазоқистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквандо (WTF) "Kazakhstan open – WTF G1” миёни ҷавонон ва калонсолон доир гардид, ки дар он 12 нафар варзишгари тоҷик низ ширкат карда, соҳиби 3 медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гаштанд.

 

Ба иттилои Ҷаҳонзеб Қармишев - президенти Федератсияи таэквандо (WTF)-и Тоҷикистон, варзишгари шинохтаи кишвар Моҳру Ҳалимова дар вазни +73 кило миёни бонувон медали нуқра ба даст овард. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Алфила Курмановаи русро бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, ба финал роҳ ёфт. Дар финал аз варзишгари қазоқистонӣ Мареке Юнусова бо ҳисоби 5:4 мағлуб гашт.

Ду медали биринҷиро варзишгарони мо миёни ҷавонон ба даст оварданд. Шаҳризода Ҷабборова дар сабқати духтарон дар вазни -49 кило ду варзишгари Қазоқистон – Аяҷон Алиқизӣ ва Фирӯза Асилбекро шикаст дода, дар даври баъдӣ аз варзишгари Ветнам Нюген Дунг мағлуб шуда, ҷои сеюмро сазовор шуд. Дар ин вазн Ҷуанг Пей-Йун аз Тайбей ғолиб гардид.

Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов миёни мардон дар вазни -68 кило нахуст бар варзишгари қазоқистонӣ Тимур Нургелдӣ, баъдан бар варзишгари узбекистонӣ Улуғбек Тухтасунов ғалаба кард. Дар даври баъдӣ аз варзишгари дигари Қазоқистон Донгес Сидиқов, ки чемпиони ин вазн гардид, шикаст хурда, медали биринҷиро сазовор шуд. скачать dle 10.2 КиноСвин