До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ба ифтихори Сомон дар Тунис Суруди миллии Тоҷикистон садо дод

Ба ифтихори Сомон дар Тунис Суруди миллии Тоҷикистон садо дод

 

 

Сомон Маҳмадбеков – варзишгари тоҷики муқими Русия дар Ҷоми Африқо оид ба дзюдо миёни ҷавонон соҳиби медали тилло гардид.

Президенти Федератсияи дзюдо ва самбои шаҳри Иркутск (Русия) Эргаш Маҳмадбеков ба "Sputnik Тоҷикистон” иттилоъ додааст, ки Сомон дастпарвари мактаби дзюдои Иркутск буда, дар Ҷоми Африқо Тоҷикистонро намояндагӣ кард.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни -66 кило ҳарифонашро аз Алҷазоир, Белорус ва Тунис мағлуб намуда, аввалин тоҷик гашт, ки дар Ҷоми Африқо ғолиб омад. Ӯ дар ин мусобиқа 100 хол ба даст оварда, ба ифтихораш Парчами давлатии Тоҷикистон баланд шуда, Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.

Сомон акнун таҳти назари мураббиёнаш Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков ба Ҷоми Аврупо оид ба дзю-до, ки 15-20 майи соли равон дар Испания баргузор мегардад, омодагӣ мебинад. скачать dle 10.2 КиноСвин