До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ҷоизадорони Бозиҳои зимистонаи олимпии махсус қадрдонӣ шуданд

Ҷоизадорони Бозиҳои зимистонаи олимпии махсус қадрдонӣ шуданд

 

Ҷоизадорони Бозиҳои зимистонаи олимпии махсус  қадрдонӣ шуданд

21 апрел зимни як чорабинӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷоизадорони Бозиҳои зимистонаи олимпии махсус қадрдонӣ шуданд.

Бозиҳои зимистонаи олимпии махсуси ҷаҳонӣ 14-26 марти соли равон дар шаҳри Гратси Австрия бо иштироки 7 ҳазор варзишгар аз 118 давлати дунё баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик аз ин мусобиқот бо 8 медал – 3 тилло, 4 нуқра, 1 биринҷӣ – баргаштанд.

Камила Раҳмонова (масофаи 1000 метр), Меҳробиддин Ҳафизов (масофаи 500 метр) дар намуди лижаронӣ, Далер Айбатов (масофаи 400 метр) дар намуди давидан дар болои барф сазовори медали тилло гаштанд. Сумани Азизхоҷа (200 метр), Маҳлиё Шарипова (200 метр), Муҳаммад Ошимов (400 метр) дар намуди давидан болои барф, Умед Назаров дар намуди лижаронӣ (500 метр) медали нуқра ба даст оварданд. Як медали биринҷиро Малика Қурбонбоева аз намуди лижаронӣ дар масофаи 500 метр соҳиб шуд.

Ҷоизадоронро муовинони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода (ҳамзамон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ) ва Шамсулло Соҳибов (ҳамзамон раиси Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон) таҳният гуфта, ғолибонро бо 3000 сомонӣ ва ҷоизадорони ҷойҳои дуюму сеюмро бо 2000-сомониӣ қадрдонӣ намуданд. Дилбар Шарипова – раиси Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон, мураббиён Гулчеҳра Қадамова, Таҳмина Халилова ва Зайниддин Давлатов низ қадрдонӣ карда шуданд.

Абдуллозода Аҳтам зимни суханронӣ, аз ҷумла иброз дошт, бо талоши роҳбарияти Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш базаи лижаронии "Сафеддара” азнавсозӣ карда шуд ва барои варзишгарон шароити машқу тамрин бо лавозимоти муосир ва дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам омад. Ҳамин иқдомҳо имрӯз ҳосил доданд ва мо акнун дар Бозиҳои зимистонаи олимпии махсус натиҷаҳои баланд дорем.

Шамсулло Соҳибов дар навбати худ иброз дошт, ки натиҷаи варзишгарони олимпиадаи махсус боиси сарфарозист. "Маҳз таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш буд, ки намудҳои зимистонаи варзиш низ рушд кард. Боиси хушҳолист, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба намудҳои зимистонаи варзиш зиёд аст ва мо умед дорем, ки дар оянда натиҷаҳои боз ҳам беҳтарро сазовор мегардем”. скачать dle 10.2 КиноСвин