До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Пирӯзии “Истиқлол” бар “Олой”

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Олой”

 

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Олой”

Дастаи "Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи "D” бар дастаи "Олой” (Қирғизистон) бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Ин бозӣ шоми 18 апрел дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуд.

Ҳисобро дар охири қисми аввал нимҳимоятгари "Истиқлол” Нуриддин Давронов аз пеналтӣ кушод. Дар дақиқаи 59 ҳамлагари тими меҳмон Алиа Силла ҳисобро баробар кард. Легионери ганагии "Истиқлол” дар дақиқаи 68 ва Дилшод Восиев дар дақиқаи 89 ду голи дигарро вориди дарвозаи тими меҳмон карданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи "Олтин Асир” (Турманистон) дар меҳмонӣ дастаи "Дордой” (Қирғизистон)-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Баъд аз натиҷагирии се давр "Истиқлол” бо 7 хол дар ҷои аввал, "олтин Асир” бо 7 хол (аз рӯи таносуби тӯбҳо) дар ҷои дуюм, "Дордой” бо 3 хол дар ҷои сеюм ва "Олой” бе хол дар ҷои чорум қарор доранд.

Даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 3-юми май баргузор мешавад. Дар ин рӯз "Истиқлол” дар меҳмонӣ бо "Олой”, "Олтин Асир” дар майдони худ бо "Дордой” вомехӯранд. скачать dle 10.2 КиноСвин