До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ Тоҷикистонро киҳо намояндагӣ мекунанд?

Дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ Тоҷикистонро киҳо намояндагӣ мекунанд?

 

 

 

 

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории омодагӣ ба 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки 12-22 майи соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир мегардад, баргузор шуд.

Муҳаммадшо Абдуллоев - Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Носир Бозор – сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - роҳбари гурӯҳи Тоҷикистон дар ин бозиҳо - ба намояндагони федератсияҳои варзишӣ дар бораи тартиби баргузории мусобиқаҳо ва иштироки варзишгарон дар ин бозиҳо маълумот доданд.

Тасмим гирифта шуд, ки федератсияҳо номзадҳо арзандаро ба Кумитаи миллии олимпӣ пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, масъалаи либоси ягонаи варзишгарон баррасӣ гардида, шакли ниҳоии он рӯзҳои наздик тасдиқ карда мешавад.

Ба гуфтаи М. Абдуллоев "Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ яке аз чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар қитъаи Осиё ба ҳисоб меравад. Ин бозиҳо як марҳилаи хуби омодагии варзишгарони мо ба Бозиҳои Осиё дар толорҳои пӯшида (сентябри 2017, Ашхобод) ва Бозиҳои Осиё-2018 маҳсуб мешавад”. скачать dle 10.2 КиноСвин