До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ҷоми Аврупо: дзюдочиёни ҷавони тоҷик бе медал монданд

Ҷоми Аврупо: дзюдочиёни ҷавони тоҷик бе медал монданд

 

Ҷоми Аврупо: дзюдочиёни ҷавони тоҷик бе медал монданд

15-16 апрели соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон доир гашт.

 

Дар ин мусобиқа 290 варзишгар аз 17 давлат, аз ҷумла 13 варзишгар аз Тоҷикистон ширкат карданд.

Мутаассифона варзишгарони мо дар ин мусобиқа соҳиби медал нашуданд. Сомон Маҳмадбеков (вазни -66 кило), Ёқубҷон Назиров (-90) ва Темур Раҳимов (-100) ҷойи панҷум ва Суҳроб Боқиев (-60) ҷои ҳафтумро сазовор шуданд.

Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Русия бо 24 медал (5 тилло, 6 нуқра, 13 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуданд. Ҷопон бо 9 медал (4 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ) мақоми дуюм, Фаронса бо 8 медал (3 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ) мақоми сеюмро ба даст оварданд.

Тоҷикистон бо се ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум ҷои 9-умро ишғол кард.

Варзишгарони мо, ҳамчунин дар машқҳои дастаҷамъӣ оид ба дзюдо байни ҷавонон, ки дар шаҳри Санкт Петербург 17 апрел шуруъ гардида, то 19 апрел идома меёбад, ширкат доранд. скачать dle 10.2 КиноСвин