До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ғолибони Ниммарафони Душанбе, гӯштини миллӣ ва шоҳмоту шашка

Ғолибони Ниммарафони Душанбе, гӯштини миллӣ ва шоҳмоту шашка

 

Ғолибони Ниммарафони Душанбе, гӯштини миллӣ ва шоҳмоту шашка

  

 

15 апрел дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мешавад, як қатор мусобиқаҳои варзишӣ низ доир гашт.

Аз ҷумла, VIII Ниммарафони байналмилалии Душанбе миёни мардон ва занон доир гардид. Дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои Русия, Украина, Афғонистон, Қирғизистон, Узбекистон, Эрон, Кения, Эфиопия, Швейтсария, Лаҳистон ва Покистон ширкат доштанд.

Мусобиқа дар масофи 21 километр (аз назди Наврӯзгоҳи пойтахт ба воситаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то маҳаллаи Чорбоғ ва аз он ҷо тавассути хиёбони Рӯдакӣ то майдони Дӯстӣ) сурат гирифт.

Миёни мардон аввалин шуда Чер Метахул аз Кения ба марра расид. Ӯ масофаи таъиншударо дар 1 соату 4 дақиқаву 58 сония тай кард. Ҳамватанаш Мания Тамоэл Вайтайка ҷои дуюм, Адилет Кишкарбеков аз Қирғизистон ҷои сеюм, Михаил Красивов аз Қазоқистон ҷои чорум, Андрей Петров аз Узбекистон ҷои панҷум, Муҳаммадҷалол Халадӣ аз Эрон ҷои шашумро сазовор гаштанд. Миёни бонувон Виктория Полудня аз Қирғизистон ҷои аввалро соҳиб шуд.Юлия Шматенкои украинӣ дуюм, Ситора Ҳамидова, Мария Хмелевская - ҳар ду аз Узбекистон сеюму чорум, Энҷиҷӣ Пуалайн аз Кения панҷум ва Гулҷаннат Ҷаннатбек аз Қазоқистон шашум шуда ба марра расиданд.

Ғолибон барои ҷои аввал бо 28700 сомонӣ, барои ҷои дуюм – 24600 сомонӣ, барои ҷои сеюм – 20500 сомонӣ, барои ҷои чорум – 16400 сомонӣ, барои ҷои панҷум – 14760 сомонӣ, барои ҷои шашум бо 12300 сомонӣ мукофотонида шуданд.

 

 

Ғолибони Ниммарафони Душанбе, гӯштини миллӣ ва шоҳмоту шашка

 

 

Дар Рӯзи пойтахт барои дарёфти Ҷоми "Пойтахт” чемпионати ҷумҳурӣ оид ба гуштини миллӣ дар вазнҳои -80 кило ва +80 кило баргузор шуд. Даври интихобии мусобиқа дар мактаби маҳорати олии варзиш оид ба намудҳои гуштин бо иштироки 300 варзишгар доир гашт. Ғолибон ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд.

Ба иттилои Сарахон Эмомов – котиби генералии Федератсияи гуштини миллии кишвар, дар вазни -80 кило Беҳрӯз Хоҷазода аз дастаи Душанбе ғолиб шуд. Муллораҷаб Халифаев аз дастаи Рашт ҷои дуюм ва Саидмухтор Расуло аз Душанбе ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Дар вазни +80 кило Саидҷалол Саидов аз Душанбе ғалаба кард. Ҷои дуюмро Фирдавс Насимов аз Хатлон-2, ҷои сеюмро Шамшод Абдуллоев аз Рашт соҳиб шуданд.

Ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

 

 

Ғолибони Ниммарафони Душанбе, гӯштини миллӣ ва шоҳмоту шашка

 

Дар рӯзи ҷашни пойтахт, ҳамчунин бо ташаббуси МИҲД шаҳри Душанбе, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар дар чор ноҳияи пойтахт мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ оид ба шоҳмоту шашка баргузор шуд.

Дар мусобиқаҳо ҳудуди 600 нафар иштирок карданд. Ғолибону ҷоизадорон ба тариқи зайл муайян шуданд:

Шоҳмот (Боғи Ирам)

Байни мардон

1.Юнусов Муҳаммад

2.Салимов Шаҳром

3.Раҳмониён Абутолиб

Байни бонувон

1.Илҳомзода Марям

2.Назира Афзалӣ

3.Шукрона Зафар

 

Шашка (Боғи Ирам)

Байни мардон

1.Ҷӯрақулов Исматулло

2.Давлатов Абдувалӣ

Байни бонувон

1.Нуралиева Сарвиноз

2.Юнусова Сурайё

3.Ҳомидова Шабнам

 

Шоҳмот (Боғи фарҳангу фароғати "Кӯли ҷавонон”)

Байни мардон

1.Исмоилов Тимур

2.Ашӯров Саидамир

3.Шарифов Муҳаммадӣ

Байни бонувон

1.Мазҳабова Шукрона

2.Мазҳабова Амина

3.Тағоева Суман

 

Шашка (Боғи фарҳангу фароғати "Кӯли ҷавонон”)

Байни мардон

1.Паҳлавонов Умед

2.Баҳромов Анвар

3.Гарин Амир

Байни бонувон

1.Мирзоева Марям

2.Маликаи Муродалӣ

3.Ғафурова Саида

 

Шоҳмот (Майдони назди театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ)

Байни мардон

1.Қосимзода Б.

2.Тошев В.

3.Амонулло И.

Байни бонувон

1.Мутриба Ҳотамӣ

2.Кимиё Н.

3.Мунавварзода А.

 

Шашка (Майдони назди театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ)

Байни мардон

1. Бойназаров Б.

2. Холов

3. Нуров П.

Байни бонувон

1. Хайримуҳаммад Ҳамеша

2. Хайримуҳаммад Паймона

3. Фатҳуллоева Фарида

 

Шоҳмот (Боғи фарҳангу фароғати дӯстии халқҳо)

Байни мардон

1. Комилов Алишер

2. Ҷумаев Аҳмад

3. Паҳлавонов Ҷ.

Байни бонувон

1. Ёсумани Фирӯз

2. Тағоева Сабрина

3. Алимуродова Элмира

 

Шашка (Боғи фарҳангу фароғати "Дӯстии халқҳо”)

Байни мардон

1. Ахунов Рамазон

2. Каримов С.

3. Алимуродов Ш.

Байни бонувон

1. Алимуродова Сайёра

2. Ахмедова Мадина

3. Мақсудова Оиша

 

Ғолибону ҷоизадорони ин мусобиқаҳо низ бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
 

Ғолибони Ниммарафони Душанбе, гӯштини миллӣ ва шоҳмоту шашка

 

 

Ғолибони Ниммарафони Душанбе, гӯштини миллӣ ва шоҳмоту шашка

 

 

Ғолибони Ниммарафони Душанбе, гӯштини миллӣ ва шоҳмоту шашка

 


 

 


 

 


скачать dle 10.2 КиноСвин