До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт

Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт

 

Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт

  

14-15 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мешавад, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар назар аст.

Аз ҷумла, дар ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-15 апрел мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мешавад.

15 апрел бошад, аз соати 9:00 то 17:00 дар чор гӯшаи шаҳри Душанбе – Боғи Ирам, саҳни театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, боғҳои фарҳангу фароғати "Дӯстии халқҳо” ва "Кӯли ҷавонон” мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ оид ба шоҳмот ва шашка доир мегарданд. скачать dle 10.2 КиноСвин