До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » КБО ду варзишгарро аз медалҳои олимпиашон маҳрум кард

КБО ду варзишгарро аз медалҳои олимпиашон маҳрум кард

 

КБО ду варзишгарро аз медалҳои олимпиашон маҳрум кард

 

 

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати бартараф намудани тамоюли зишти истифодаи маводи допинг дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ амалиёти густурда роҳандозӣ намудааст.

Ба иттилои сомонаи расмии КБО ин амалиёт ҳатто қаҳрамонҳои Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин-2008, Лондон-2012 ва Сочи-2014-ро низ истисно намекунад.

Тибқи нақшаи амалиёти Коммисияи интизоми КБО мутахассисон ба санҷиши намунаи тестҳо, ташхисҳо ва натиҷаи онҳо, ки зимни баргузории бозиҳои олимпии қаблӣ гирифта шуда буданд, пардохтанд.

Ошкор карда шуд, ки ҳангоми Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин-2008 ва Лондон-2012 ду варзишгар бо истифода аз маводи допинг ғалабаи худро бар ҳарифи худ таъмин намудаанд. Инҳо Васил Федоришин - барандаи медали нуқраи Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин-2008 дар риштаи гӯштини озод (вазни 55-60 кг) миёни мардон аз Украина ва Артур Тоймазов - барандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин-2008 дар риштаи гуштини озод (вазни 96-120 кг) миёни мардон аз Ҷумҳурии Узбекистон мебошанд.

Тибқи қарори Коммисия интизомии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ин варзишгарон аз медалҳои олимпии худ маҳрум гаштанд.

Тибқи иттилои бадастрасида Агентии умумиҷаҳонии зиддидопинг гузориши тими нозирони мустақилро дар хусуси барномаи зиддидопингии Бозиҳои паралимпии Рио-2016 ба нашр расонд.

Тибқи Қонуни ҷаҳонии зиддидопинг, Кумитаи байналмилалии паралимпӣ ҷиҳати таҳқиқи ҷараёни Бозиҳои паралимпии Рио-2016 аз Агентии умумиҷаҳонии зиддидопинг ҷиҳати фиристодани тими нозирони мустақил дархост намуда буд.

Тавре гуфта мешавад, нақши тими нозирони мустақил дар талқин намудани боварӣ миёни ҳам худи варзишгарон ва ҳам ҷамъият нисбат ба сифатнокӣ, самаранокӣ ва эътимод дар барномаи рӯидастгирифтаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ барои бозиҳои минбаъда хеле муассир мебошад.

Вобаста ба натиҷаи санҷиш, хулосаи мутахассисон доир ба рафти мусобиқот, таклифу пешниҳодҳо вобаста ба беҳтар намудани нақшаи баргузории чорабинии мазкур, мукаммал намудани барнома ва ғайраҳо ба сифати гузориш дар наздиктарин фурсат дар ихтиёри ҷомеаи ҷаҳон қарор дода мешавад.

Тавре Роҳбари тими нозирони мустақил Майкл Петроу гуфтааст, "Барномаи зиддидопинг, ки айни замон аз ҷониби Кумитаи байналмилалии паралимпӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ амалӣ ва назорат карда мешавад, ба вазъияти мушкили имрӯза нигоҳ накарда то як андоза ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардидааст. Ҳамзамон ин кумита минбаъд метавонад, ки мустақилона раванди бозиҳоро зери назорат гирифта, эътимод ва шаффофиятро дубора ба мусобиқот баргардонад. Инчунин, дар ҳолати зарурӣ метавонад бо Агентии умумиҷаҳонии зиддидопинг ҳамкорӣ намояд". скачать dle 10.2 КиноСвин