До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Медали нуқраи Комроншоҳ дар “Grand-Prix Antalya 2017”

Медали нуқраи Комроншоҳ дар “Grand-Prix Antalya 2017”

Медали нуқраи Комроншоҳ дар “Grand-Prix Antalya 2017” 

Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо - "Grand-Prix Antalya 2017”, ки 7-9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, соҳиби медали нуқра гашт.

 

Дар ин мусобиқа 252 варзишгар (155 мард ва 97 зан) аз 34 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Тоҷикистонро се варзишгар - Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг)намояндагӣ карданд.

 

Комроншоҳ дар вазни -90 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ӯ бар рақибонаш Батуҳан Ефемгил аз Туркия ва Ҳае Ҷо Ҷунг аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар нимфинал бар Магомед Магомедови русиягӣ ғолиб омад ва ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз паҳлавони муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб шуд.

 

Хаёмиддин Ҷабборов, ки дар вазни то 73 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Куштрим Гашӣ аз Косово ғолиб омад, дар даври баъдӣ аз Тоҳар Бутбул аз Туркия мағлуб гашт. Саидҷалол Саидов бошад, дар вазни то 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Ниёз Илёсови русиягӣ шикаст хӯрд.

скачать dle 10.2 КиноСвин