До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дар Тоҷикистон бори аввал Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт таҷлил шуд

Дар Тоҷикистон бори аввал Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт таҷлил шуд

Дар Тоҷикистон бори аввал Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт таҷлил шуд

Имрӯз – 6-уми апрел – бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо баргузории як чорабинӣ дар Боғи Парчами давлатии шаҳри Душанбе, Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт таҷлил шуд.

Дар чорабинӣ, раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева, масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, волонтёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва варзишгарон ширкат доштанд.

Гуфта шуд, 23 августи соли 2013 Ассамблеяи генералии СММ 6 апрелро Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт эълон кард. Ин рӯз аввалин бор 6 апрели соли 2014 дар бисёре аз килшварҳои ҷаҳон таҷлил карда шуд. Дар Тоҷикистон бори аввал ҷашн гирифта мешавад.

Иштирокчиёни чорабинӣ бо шиорҳои "Варзиш – қосиди сулҳ”, "Варзишгарон узви як оилаанд”, "Варзиш – зидди терроризм”, "Варзиш – зидди экстремизм” ва ғайраҳо ҳамдилии худро нисбат ба ин рӯз эълон намуданд.

Ба иттилои Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпичиён чунин чорабинӣ ҳафтае қабл дар кишвари Монакко бо шаҳомати хоса баргузор гардида, аз аҳамияти зиёд доштани қарори СММ оид ба эълон кардани Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт гувоҳӣ дод. Зимни чорабинии мазкур варзиш ҳамчун омили асосии тағйири иҷтимоӣ, ривоҷу равнақи ҷомеа ва мусоидат ба таъмини сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ талақӣ карда шуд.

Маъракаи ҷаҳонии сулҳ ва варзиш имрӯз ҳазорон тарафдори соҳаро дар майдони манораи "Эйфел” (Париж), соҳили Копакабана, муҷассамаи "Озодӣ” (Ню-Йорк), манораи Токио ва пули азими "Ҳарбар” (Сиднейи Австралия) ҷамъ овард.
 

Дар Тоҷикистон бори аввал Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт таҷлил шуд

 

Дар Тоҷикистон бори аввал Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт таҷлил шуд

 

Дар Тоҷикистон бори аввал Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт таҷлил шуд

 


скачать dle 10.2 КиноСвин