До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » ҶОМИ КФО-2017: мусовии «Истиқлол» бо “Алтин Асир”

ҶОМИ КФО-2017: мусовии «Истиқлол» бо “Алтин Асир”

ҶОМИ КФО-2017: мусовии «Истиқлол» бо “Алтин Асир” 

Қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол”-и Душанбе дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар меҳмонӣ бо дастаи "Алтин Асир”-и Туркманистон мусовӣ – 1:1 бозӣ кард.

Бозии даври дуюми гурӯҳи "D” дар варзишгоҳи "Спорт топлуми”-и шаҳри Балканобод баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 31 Ҷаҳонгир Алиев кушод. Дар дақиқаҳои аввали қисми дуюм бозингари тими мизбон Алтимурод Аннадурдиев ҳисобро баробар кард.

Дар бозии дигари гурӯҳ клуби "Дордой”-и Қирғизистон бар клуби дигари ин кишвар "Алай” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Баъд аз ду давр дастаҳои "Истиқлол” ва "Алтин Асир” 4-холӣ ба даст оварданд. "Дордой” 3 хол дорад, "Алай” хол надорад.

Бозии навбатии "Истиқлол” дар Ҷоми КФО 18 апрел муқобили "Алай” доир мегардад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 19:00 оғоз мегардад. скачать dle 10.2 КиноСвин