До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт

Варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт

Варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт 

 

Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпичиён ба хотири ҷонибдорӣ аз сулҳ ва варзиш аз варзишгарони тамоми кишварҳо даъват кардааст, ки ба хотири мусоидат ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба маъракаи густурдаи рақамӣ – ҷойгир кардани расмҳояшон бо корти сафед дар сомонаҳои иҷтимоӣ - иқдом намоянд.

 

Ба иттилои Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпичиён чунин чорабинӣ ҳафтае қабл дар кишвари Монакко бо шаҳомати хоса баргузор гардида, аз аҳамияти зиёд доштани қарори СММ оид ба эълон кардани Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт гувоҳӣ дод. Зимни чорабинии мазкур варзиш ҳамчун омили асосии тағйири иҷтимоӣ, ривоҷу равнақи ҷомеа ва мусоидат ба таъмини сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ талақӣ карда шуд.

 

Ташаббускорон ин ҳамоишро ба пешвози 121-солагии аввалин Бозиҳои муосири олимпӣ дар ҷаҳон, ки соли 1896 баргузор шуда буд, доир карданд.

 

Фардо – 6 апрел - маъракаи ҷаҳонии сулҳ ва варзиш ҳазорон тарафдори соҳаро дар майдони манораи "Эйфел” (Париж), соҳили Копакабана, муҷассамаи "Озодӣ” (Ню-Йорк), манораи Токио ва пули азими "Ҳарбар” (Сиднейи Австралия) ҷамъ меорад.

скачать dle 10.2 КиноСвин