До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Варзиш - соҳаи мавриди назари Пешвои миллат

Варзиш - соҳаи мавриди назари Пешвои миллат

Бахшида ба "Соли ҷавонон” ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ китоби рӯзноманигор Шодихони Назар таҳти унвони "Варзиш - соҳаи мавриди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” тариқи чопхонаи ҶДММ «Бухоро» ба табъ расид.

 

Варзиш - соҳаи мавриди назари Пешвои миллат

 

 

Китоб маҷмӯи мақола ва мусоҳибаҳои муаллифро дар бар мегирад, ки бо ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ, варзишгарони барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як сол дар ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расидаанд. Ҳамчунин дар аввали китоб муаллиф зери сарлавҳаи "Мафҳуми варзиш дар шинохти Пешвои миллат” иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши варзиш дар таъмини ҳаёти солим ҷамъоварӣ кардааст.

 

Муаллиф дар китоб бо мутахассисону варзишгарони кишвар суҳбат ороста, фазои варзиши Тоҷикистонро дар се марҳила: пеш аз Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия-2016, давраи Олимпиада ва баъди Олимпиада инъикос намудааст. Китоби "Варзиш - соҳаи мавриди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” бо теъдоди 300 нусха ба нашр расида, ба ҳаводорони соҳаи варзиш пешбинӣ шудааст. скачать dle 10.2 КиноСвин