До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар Боку иштирок хоҳанд кард

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар Боку иштирок хоҳанд кард

Рӯзи 29-уми декабр дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон масъалаи ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ баррасӣ шуд.

Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев сурат гирифт, роҳбарону намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ ва кормандони масъули КМО ҶТ ширкат доштанд.

Баҳрулло Раҷабалиев, ки рӯзҳои 7-10 декабр дар шаҳри Боку дар ҳамоиши намояндагони кумитаҳои олимпии кишварҳои исломӣ ширкат дошт, гуфт, "Бозиҳои чаҳоруми ҳамбастагии исломӣ, ки тавассути мусобиқоти варзишӣ ҷаҳони исломро муттаҳид месозанд, аз 12-ум то 22-юми майи соли 2017 дар пойтахти Озарбойҷон - Боку баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо ҳудуди 5 ҳазор варзишгари кишварҳои исломӣ дар 16 иншооти муосири варзишии Боку сабқат мекунанд.

Ба барномаи мусобиқоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ чунин намудҳо дохиланд: варзиши сабук, ҷаҳидан ба об, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, баскетбол 3х3, футбол, гимнастикаи бадеӣ, гимнастикаи варзишӣ, ушу, тенниси рӯи миз, ҳандбол, ҷудо, гуштии юнониву румӣ, гуштии озод, тирандозӣ, теннис, волейбол, бокс, зӯрхонаӣ, каратэ, таэквондо ВТФ ва вазнабардорӣ.

Ба иттилои Баҳрулло Раҷабалиев, ширкати варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо аз рӯи 14 намуд дар назар аст.

Раиси Федератсияи варзишҳои зӯрхонаӣ Сулаймон Абдулвоҳидов, роҳбари дастгоҳи Федератсияи футбол Шавкат Аҳмадов, раиси Федератсияи каратэ-до Исроил Исмоилзода, намояндаи Федератсияи таэквондо ВТФ Муҳиддин Ҳотамов, дабири кулли Федератсияи гуштини варзишӣ Алимаҳмад Пирмаҳмадов, дабири кулли  Федератсияи вазнабардорӣ Бобохон Сангов, раиси Федератсияи шиноварии Тоҷикистон Ҳайдар Иброҳимов, мудири кулли КМО Муҳаммадшо Абдуллоев ва мудири шуъбаи варзиш ва маълумоти олимпии КМО Маҳмуд Абдуллоев дар бораи иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ таклифҳои судбахш пешниҳод карданд.

Дар ин ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар Боку ситоди корӣ аз ҳисоби намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин федератсияҳои миллии варзишӣ таъсис дода шавад. Федератсияҳои миллии варзишӣ муваззаф шуданд, ки рӯйхати беҳтарин варзишгаронро барои ширкат дар ин Бозиҳо ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешниҳод  намоянд.

Бояд тазаккур дод, 17 сентябри соли 2015 президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар бораи таъсиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ соли 2017 дар Боку фармоиш ба тасвиб расондааст. Бар асоси ин фармоиш узви кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Озарбойҷон Меҳрубон Алиева, ки ҳамсари раисиҷумҳур ва раиси Бунёди Ҳайдар Алиев мебошад, роҳбари кумитаи тадорукоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ таъин шудааст.

Тасмим дар бораи баргузории ин Бозиҳо дар Боку моҳи июли соли 2013 дар Ассамблеяи кулли Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ гирифта шудааст.

Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

 

Аксҳо аз ҷаласа дар КМО 29 декабри соли 2016 

скачать dle 10.2 КиноСвин