До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Шоира дар Ҷоми ҷаҳонии бокс медали нуқра гирифт

Шоира дар Ҷоми ҷаҳонии бокс медали нуқра гирифт

 

Шоира Зулқайнарова, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни кишварҳои истихроҷкунандаи нафт дар шаҳри Нежневартовски минтақаи Ханти-Мансийски Русия медали нуқра ба даст овард.

Шоира Зулқайнарова дар рақобатҳо дар вазни то 64 кг дар аввалин қувваозмоиаш бар намояндаи Русия Гулноз Шарипова бо бартарии комил пирӯз шуд. Баъдан бар рақибаш Лина Бао аз Чин бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Шоира, ки дар даври ниманиҳоӣ Елена Устиноваи русиягиро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод, дар қувваозмоии ниҳоӣ бо Ирина Сафарова, узви дастаи мизбонон, рақобат кард. Аз рӯи натоиҷи чаҳор раунд доварон Сафароваро ғолиб донистанд. Ба ин тартиб, Шоира Зулқайнарова барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ёдовар мешавем, Шоира Зулқайнарова соли гузашта дар ин мусобиқа медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг бар намояндаи Украина Мария Борутса пирӯз шуд, вале дар даври ниманиҳоӣ аз Любов Пашинаи русиягӣ шикаст хӯрд.

Дар ин мусобиқа, ки барои бори 14-ум ба хотираи аввалин кашшофи нафти Югорск Фармон Салмонов байни мардону занон сурат гирифт,130 муштзан аз 14 кишвар ширкат дошт. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон се мард – Бахтовар Сагизов (52 кг), Ҷамшед Бурҳонов (69 кг), Сиёвуш Асроров (+91 кг) ва ва як зан – Шоира Зулқайнарова (64 кг) дохил буданд.

Вале ба ҷуз Шоира Зулқайнарова, дигар муштзанҳои тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Шоира Зулқайнарова соли 2015 ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол дохил шуда буд. Ӯ моҳи августи соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин баргузор шуд, дар вазни зери 64 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Барои ин дастовардаш Шоира бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон мукофотонида шуд.

Шоира Зулқайнароваи 21-сола, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, чаҳор сол инҷониб таҳти роҳбарии устодаш Ҷамшед Султонов ба бокс машғул аст.

 

Нарзуллоҳи Латиф

скачать dle 10.2 КиноСвин