До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол эълон шуд

Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол эълон шуд

Қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров дар садри феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон ҷой гирифт. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 20-уми декабр аз таҳияи ин феҳрист хабар дод.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дода, бо медали тилло сарфароз гашт. Гурзандози машҳури тоҷик, инчунин имсол чанд бор дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» ҳам соҳиби ҷоизаҳо гардид.

Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, зимни муаррифии даҳ варзишгари беҳтарини сол гуфт, ки медали Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 аввалин медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, даҳ варзишгари беҳтарини солро беш аз 70 журналисти риштаи варзиши нашрияву хабаргузориҳо ва телевизиону радио тавассути пурсиш муайян карданд.

Дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мақоми дуюм қарор дорад. Ӯ имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар вазни 90 кг дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бо медали тилло мукофотонида шуд. Зимнан, Комроншоҳ дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда оид ба ин намуди олимпии варзиш қаҳрамони Осиё гардид. Вай, инчунин соли равон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шуда буд. Ба ҷуз дзюдо, Комроншоҳ дар риштаи самбо низ имсол дастоварди хуб дорад. Ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон соҳиби медали биринҷӣ гаштааст.

Муштзани тоҷик Анвар Юнусов, ки соли ҷорӣ дар мусобиқаи ҷаҳонии литсензионӣ оид ба бокс дар вазни 60 кг дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон  ҷойи дуюмро гирифт, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шуд. Ӯдар феҳристи АЖРВТ дар мақоми сеюм ҷой гирифтааст.

Ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарини сол, инчунин инҳо дохил шуданд:

Ҳамроз РАҶАБОВ (самбо) – ҷойи якум дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни 74 кг дар шаҳри Ашхободи Туркманистон, ҷойи сеюм дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон;

Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) – ҷойи дуюм дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни 73 кг ва ҷойи сеюм дар мусобиқаи интихобии қитъавӣ дар шаҳри Манилаи Филиппин;

Шаҳриёр ДАМИНОВ (қаиқронӣ) – ҷойи дуюм дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр, ҷойи сеюм дар каноэи яккаса ба масофаи 500 метр ва ҷойи сеюм дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр дар Ҷоми Осиё дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон;

Зӯҳро ХОЛОВА (кикбоксинг) – ҷойи якум дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни 52 кг дар шаҳри Чҳонҷӯи Кореяи Ҷанубӣ;

Фаррух АМОНАТОВ (шоҳмот) – ҷойи якум дар Ҷоми Авруосиё дар шаҳри Алматии Қазоқистон ва ғолиби ду мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Таганроги Русия ва Тошканди Ӯзбекистон;

Вера СЕМАШКО (кӯҳнавардӣ) - қуллаи баландтарини Тоҷикистон -  қуллаи Исмоили Сомониро, ки баландиаш 7495 метр аст, дар байни бонувони кишвар аввалин шуда фатҳ кардааст;

Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (дзюдо)ҷойҳои якум дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар вазни 81 кг дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон, Макаои Чин ва Ҳонконг, ҷойи дуюм дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии "Бачагони Осиё” дар шаҳри Якутски Русия, ҷойи сеюм дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон дар шаҳри Кӯчии Ҳиндустон.

скачать dle 10.2 КиноСвин