До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Натиҷагирии ширкати варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио дар ҷаласаи кумиҷроияи КМО ҶТ

Натиҷагирии ширкати варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио дар ҷаласаи кумиҷроияи КМО ҶТ

Имрӯз, 3-юми декабр, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии кумитаи иҷроияи КМО ҶТ баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев дар бораи натиҷаҳои нишондодаи варзишгарони кишвар дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ҳисобот дод. Ӯ зикр намуд, шумораи варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 ширкат варзиданд, ҳафт нафар буд. Онҳо дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ иштирок карданд.

 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд, дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Ин натиҷа нисбат ба Олимпиадаи Лондон дар соли 2012-ум 25 зина болост. Инчунин Тоҷикистон аз рӯи шумораи медали тилло ба теъдоди варзишгароне, ки аз кишвари мо дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок доштанд, дар байни кишварҳои ҷоизадор дар мақоми аввал қарор гирифт. Аз ин ҷиҳат Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дуюм ва Озарбойҷон сеюм шуданд.

Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. Ин аввалин медали тиллои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ мебошад.

Зимнан, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ, ки рӯзҳои 15-16-уми ноябр дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа – барпо гардид, барои аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпӣ бо ҷоизаи ANOC сарфароз шуд.

Вале дар Олимпиадаи Рио-2016 шаш варзишгари дигари тоҷик - Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо, вазни то 90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд. 

Ҳамин тариқ, чорабинии муҳими варзишӣ - Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро - дар таърихи варзиши тоҷик саҳифаи нав кушод. Дастоварди Дилшод Назаров тӯҳфаи арзанда ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

26-уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро барои дастоварди олии варзишӣ самимона табрик гуфта, барои хизматҳои бузургаш дар муаррифии бештари давлату миллати тоҷик ва баланд бардоштани шарафи варзишии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ба медали тиллоии мусобиқоти ҷаҳонӣ ноил шудани Дилшод Назаров дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат руйдоди фараҳбахшу беназир буда, Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонид ва Парчами миллии давлати тозаистиқлолро партавафшону мардуми шарафманди ин сарзаминро боз ҳам ифтихорманду сарбаланд намуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти давлатиро дар вазъияти тантанавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров тақдим кард.

Ҳамчунин дар ин рӯз Пешвои миллат ба Дилшод Назаров сесад ҳазор сомонӣ тақдим намуд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

"Вале бояд гуфт, ки дар Олимпиадаи Рио ба ҷуз Федератсияи варзиши сабук, мутаассифона, федератсияҳои миллӣ нақшаҳояшонро иҷро накарданд. Барои роҳхат гирифтан ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар намуди бокс аз чор  варзишгар умед доштем, вале варзишгарони номдори мо Мавзуна Чориева ва Ҷаҳон Қурбонов ҳам натавонистанд роҳхатҳои олимпӣ ба даст биёранд. Ҳарчанд мо аз варзишгаронамон дар риштаҳои бокс ва дзюдо медалҳои олимпиро чашмдор будем, вале онҳо муваффақ нашуданд. Боиси нигаронист, ки варзишгарони мо дар намудҳои афзалиятнок - гуштини озод, гуштини юнониву румӣ ва таэквондо ВТФ  -  ба Олимпиадаи Рио роҳхат гирифта натавонистанд, ҳарчанд ки Кумитаи миллии олимпӣ барои омодагӣ ва ширкати онҳо дар ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ ва мусобиқоти литсензионӣ барномаи махсусро пиёда карда буд”, - иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

Ӯ таъкид намуд, дастоварди бузургтарини варзишгари тоҷик Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио мо, масъулини соҳа, федератсияҳои миллии варзиширо водор месозад, ки барои рушди минбаъдаи варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар, боз ҳам баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистони маҳбуб дар арсаи ҷаҳон дучанд меҳнат кунем. Аз ин рӯ мо аз ҳоло бояд бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин федератсияҳои миллии варзишӣ аз паи таҳияи барномаи вижаи ҳукуматӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпии соли 2020-ум дар шаҳри Токиои Ҷопон шавем.

Баҳрулло Раҷабалиев дар идомаи суханронии худ гуфт, ки соли оянда ду чорабинии бузурги варзишӣ баргузор мегардад. Яке Бозиҳои IV ҳамбастагии исломист, ки аз 12-ум то 22-юми май дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир мешавад. Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо бо иштироки беш аз 5000 варзишгар дар 20 намуди варзиш барпо мегардад.

Дигаре Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ мебошад, ки аз 17-ум то 27-уми сентябр дар шаҳри Ашхободи Туркманистон баргузор хоҳад шуд. Дар ин бозиҳо ширкати 5500 варзишгар аз 69 кишвари Осиё ва Уқёнус дар назар аст. Онҳо аз рӯи 21 намуди варзиш рақобат мекунанд.

"Мо бояд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва федератсияҳои миллии варзишӣ аз ҳоло шуруъ карда, ба ин бозиҳо омодагӣ бинем ва талош намоем, ки натиҷаҳои дилхоҳ  ба даст оварем ва баҳри боз ҳам баланд бардоштани Парчами давлатии  Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон cаъю кӯшиш намоем. Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо бояд кору фаъолияти ҳаррӯзаи худро ба хотири пешрафти варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар равона созем”, - гуфт Баҳрулло Раҷабалиев.

Дар ҷаласаи мазкур Нақшаи кории Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 тасдиқ шуд. Бар асоси он як қатор чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 25-солагии таъсисёбии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар ин ҷаласа тарҳи нави нишони Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи иҷроиши қарори Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2016 №89  "Дар бораи Низомномаи эътироф кардани федератсияҳои (иттиҳодияҳои, ассотсиатсияҳои) намуди (намудҳои) варзиш аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди  муҳокима қарор гирифтанд.        

Оид ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои кумитаи иҷроияи КМО ҶТ қабул шуданд.

Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

скачать dle 10.2 КиноСвин