До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 13.06.2014 Меҳрангез Назарова ба Олимпиадаи наврасон-2014 роҳхат гирифт

13.06.2014 Меҳрангез Назарова ба Олимпиадаи наврасон-2014 роҳхат гирифт


Меҳрангез Назарова, варзишгари тоҷик, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин гардид.

 

Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуфт,«Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷо бо Федератсияи варзиши сабуки кишвар рӯзи 26-уми май ба унвони Федератсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) нома ирсол карда, хоҳиш намуданд, ки ба таври расмӣ соҳиби роҳхати олимпӣ шудани варзишгари тоҷик Меҳрангез Назароваро тасдиқ намояд. Мо ба номаи худ имрӯз, 13-уми июн, посух гирифтем. Дар он гуфта мешавад, ки 34 варзишгар аз 13 кишвар, ки авохири моҳи майдар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкоки Тайланд натиҷаҳои баланд нишон доданд,соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дарНанҷинги Чин гардиданд. Дар байни онҳо намояндаи Тоҷикистон Меҳрангез Назарова низ ҳаст. Вайдар давидан ба масофаи 3 000 метр бо натиҷаи 10.31,65 севум шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гаштааст.»

Ёдовар мешавем, ки Меҳрангез Назарова дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкок барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон ду медал ба даст оварда буд.Ба ҷуз медали биринҷӣ дар давидан ба масофаи 3 000 метр, Меҳрангез дар давидан ба масофаи 2000 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 7.17,76 медали дувуми биринҷӣ ба даст овардааст.

 

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев то ҳоло 4 варзишгари тоҷик -Фирӯз Ёқубовдар намудии гуштии озод дар вазни беш аз 100 кг,Тоҳирҷон Охунов(85 кг),Равзатулло Исоев(42 кг) дар намуди гуштии юнониву румӣ ваМеҳрангез Назаровадар давидан ба масофаи 3000 метррасман соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии наврасон шудаанд.Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасоназ 16-ум то 28-уми августдар Нанҷинги Чин доир мешаванд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 14-ум то 26-уми августи соли 2010дар Сингапур баргузоршуда буданд, дар панҷ ришта - бокс, варзиши сабук (гурзандозӣ ва давидан ба масофаи 200 метр), гуштии озод, камонварӣ ва таэквон-до WTF-ширкат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар ин бозиҳо 6 варзишгар -Баҳодур Қодировдар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг,Абдуқодир Баротов(гурзандозӣ),Сиёвуш Зуҳуров(бокс, вазни то 91 кг),Даврон Атобоев(варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр),Кристина Зайниддинова(камонварӣ)ваШукрона Шарифова(таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) дохилбуданд.

Варзишгарони навраси тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст овардаанд.Баҳодур Қодировдар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг медали нуқра ваШукрона Шарифовадар намуди таэквон-до ВТФ дар вазни то 44 кг медали биринҷӣ гирифтанд.

скачать dle 10.2 КиноСвин