До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 11.06.2014 Ҳафт медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии дзюдо

11.06.2014 Ҳафт медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии дзюдо

барнаул

Варзишгарони тоҷик дар Ҷашнвораи XI байналмилалии дзюдо байни наврасону навҷавонон дар Барнаули Русия ҳафт медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки аз 2-юм то 5-уми июн баргузор шуд, беш аз 800 варзишгари ҷавон аз Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 17 гуштигир намояндагӣ карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони ҷавони тоҷик -Ҷамшед Сулаймонов(вазни 46 кг),Муҳаммадраҳим Сарахонов(50 кг),Муҳаммад Мирзоев(73 кг) ваТемур Раҳимов(+81 кг) - ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Нуроншо Бодомаевдар вазни 60 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ду гуштигири дигари тоҷик –Исматулло Абдуллоев(73 кг) ваЭмомҷон Камолов(81 кг), ки ҷойҳои севумро гирифтанд, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар ин бора ба Радиои ОзодӣДилшод Абдураҳимов, муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 11-уми июн хабар додааст

скачать dle 10.2 КиноСвин