До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » ҶАЛАСАИ АССАМБЛЕЯИ XV ГЕНЕРАЛИИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ АССАМБЛЕЯИ XV ГЕНЕРАЛИИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи шанбе, 16-уми июл, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии КМО ҶТ баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа фаъолияти КМО ҶТ дар давраи соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016  натиҷагирӣ шуд.

 

Дар ин бора Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев  маърӯза кард. Ӯ гуфт, ”мо аз ғамхории падарона ва кӯмаку дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки президенти Кумитаи миллии олимпӣ мебошанд, ҷиҳати рушди варзиш  ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар сипосгузорем. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъсиси Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” варзишгарони моро рӯҳбаланд кардааст ва онҳо барои боло бардоштани Парчами Миллии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон тамоми қувва, маҳорат ва  таҷрибаашонро сафарбар хоҳанд кард.” 

Баҳрулло Раҷабалиев афзуд, "Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин федератсияҳои миллии варзишӣ барномаи омодагиҳо ва ширкати варзишгарони тоҷикро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия таҳия намуд, ки он дар Ассамблеяи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тасдиқ шуд.  Барои татбиқи он ситоди омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия таъсис ёфт. Мо ба намудҳои афзалиятноки варзиш ва намудҳои олимпие, ки варзишгаронамон аз рӯи ин намудҳо Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ муаррифӣ мекунанд, таваҷҷӯҳ зоҳир карда, ҳарчи бештар маблағгузорӣ намудем. Ба беҳтаринҳо стипендияҳо олимпӣ дода мешуд. Вале, мутаассифона, варзишгарони мо дар намудҳои гуштини озод, гуштини юнониву румӣ, таэквондо ВТФ ва бокси занона роҳхатҳои оимпӣ ба даст оварда натавонистанд.” 

Ба иттилои Баҳрулло Раҷабалиев, то имрӯз ҳафт варзишгари Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудаанд.

"Ба ҷуз гурзандоз Дилшод Назаров, паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар риштаи ҷудо, муштзан Анвар Юнусов, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов, даванда Кристина Пронженко дар Олимпиадаи Рио-2016 Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд”, - иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

 

 

Дар ҷаласаи мазкур раиси Академияи миллии олимпии Тоҷикистон Абдураҳмон Маҳмадов, президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов, президенти Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ва мушовири президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Нарзулло Латифов, президенти Федератсияи гуштии озод ва юнониву румӣ Саламшо Муҳаббатов, раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон Мавзуна Чориева, директори генералии Сешиал Олимпикси Тоҷикистон Дилбар Шарипова, муовини раиси Академияи миллии олимпии Тоҷикистон Ибод Шарифӣ, президенти Федератсияи шиноварии Тоҷикистон Ҳайдар Иброҳимов, мудири иҷроияи Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон Муҳиддин Ҳотамов ва раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон Сафар Боев суханронӣ карда, ҷиҳати омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Рио-2016, вусъати ҳамкориҳои Кумитаи миллии олимпӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва федератсияҳои варзишӣ таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

Ассамблеяи XV генералии КМО ҶТ фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016 қаноатбахш ҳисобид.      

 

Раиси Комиссияи назорату тафишоти КМО ҶТ Нурулло Лоиқов хоҳиш кард, ки ҳисобот дар бораи фаъолияти молиявию хоҷагии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи ҳисоботиву интихоботӣ баррасӣ шавад. Ҷаласаи Ассамблеяи генералӣ ин пешниҳоди ӯро пазируфт.

 

Дар ин ҷаласа масъалаи интихоби парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ботантана кушодашавии Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баррасӣ шуд.

Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпӣ қарор кард, ки варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ботантана кушодашавии Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия интихоб карда шавад.      

Дар Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомнома дар бораи эътироф кардани федератсияҳои (иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳои) намуди (намудҳои) варзиш аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

 

 

 

Бояд гуфт, ки пеш аз оғози кори ҷаласа беҳтарин варзишгаронАнвар Юнусов (бокс) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (гуштии ҷудо) барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 бо ҷоизаҳои молии сарпарасти кулли КМО ҶТ – ҶДММ "Ғаюр” мукофотонида шуданд. Ҷоизаҳоро раҳбари ин ҷамъият Акбар Ғуломов, ки ҳамзамон ноиби президенти КМО ҶТ мебошад, супурд.  

 

Худи Акбар Ғуломов барои дастгирӣ, кӯмаки молӣ ва саҳми арзандааш ҷиҳати рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи ҳаракати олимпӣ дар кишвар бо Ифтихорномаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гашт. 

 

 

 

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Рустам Абдуллозода, президенти Федертсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров, президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов, президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон Бег Сабур, президенти Федератсияи шиноварии Тоҷикистон Ҳайдар Иброҳимов ва ноиби президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Рашид Саидов барои саҳми арзанда ҷиҳати рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи ҳаракати олимпӣ дар кишвар бо Ифтихорномаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

  

 

 

Дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

 

 

 

скачать dle 10.2 КиноСвин