До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 07.06.2014 Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий дар Боку чорум шуд

07.06.2014 Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий дар Боку чорум шуд

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи IV байналмилалииҶоми Каспий-2014 дар Боку мақоми чорумро касб кард.

Футболбозони навраси тоҷик рӯзи 5-уми июн бароиҷойи севум аз тими мизбон - Озарбойҷон-1 боҳисоби бузурги 0-4 шикаст хӯрданд.Голҳо:Саид Ибодов, 12 (1:0). Саид Ибодов, 28 (2:0). ЗиёАзизов, 36 (3:0). Амин Сейдиев, 58 (4:0)

Ин мусобиқаи анъанавӣбарои чорумин бор дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 дастаи мунтахаббаргузор шуд. Футболбозони навраси тоҷик, ки дар гурӯҳи «С» бо 4 имтиёз мақоми аввалро касб карданд,нахустин бозиашонро 29-уми май бо дастаиҶопон бо ҳисоби 1-1 анҷом дода буданд. Ба як голиҷопониҳоСироҷиддин Гулмуродов,ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар замони изофӣ(80+2) посух дод.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувум рӯзи 30-юми май бар дастаи Гурҷистон бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд. Се голро ба дарвозаигурҷиҳоМуҳаммадҷониҲасан, 3 (1:0),Эҳсони Панҷшанбе, 30 (2:0) ваХудойдод Узоқов, 54 (3:0) ворид карданд. Як голроАлишер Сафаров(79) ба дарвозаи дастааш зад.

Мунтахаби Тоҷикистондар даври ниманиҳоӣрӯзи 3-юми июназ тими Туркиябо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд. Тӯби ягонаро футболбозони турк дар дақиқаи 67-ум вориди дарвозаи дастаи Тоҷикистон карданд.

Дар бозии дигари давриниманиҳоӣмунтахаби Эрон тими наврасони Озарбойҷонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард ва ба даври ниҳоӣроҳ ёфт. Ба ин тартиб, дар бозии ҳалкунанда, ки 5-уми июн баргузор шуд, тимиЭронбар дастаиТуркиябо ҳисоби 1-0 ғалаба кард ва боҶоми Каспий-2014 мукофотонида шуд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаби наврасон дар мусобиқаи байналмилалииҶоми Каспий-2014: 1. Эрон. 2. Туркия. 3. Озарбойҷон-1.4.Тоҷикистон.5.Ҷопон. 6. Булғористон.7. Қирғизистон. 8. Узбакистон. 9. Гурҷистон. 10. Озарбойҷон-2.11. Қазоқистон. 12. Афғонистон.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба ҳайати даста 18футболбозро дохил кардабуд.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дарҶоми Каспий-2014:
Дарвозабонҳо:Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»).
Ҳимоятгарон:Сироҷиддин Гулмуродов («Нури Норак»), Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳарду – «Истиқлол»), Абубакр Азимов («Равшан»), Алишер Баротов («Вахш»), Сӯҳроб Мирзоев (РШВСМ).
Нимҳимоятгарон:Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов («Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Энергетик»),Ҷамшед Махсумов, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду – «Истиқлол»).
Ҳамлагарон:Собирҷон Гуляков, Муҳаммадҷон Шарифов (ҳарду – РШВСМ), Рустам Толибов (ССКА «Помир»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).

Дарвоқеъ, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дарҶоми Каспий барои бори севум ширкат кард. Соли гузашта футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассисиҷопонӣЧикаши Сузукидар сабқати гурӯҳи «D» дар нахустин бозиашон аз тими Уругвай бо ҳисоби 0:3, дар бозии дувумашон аз тимиҶопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бидуни имтиёз дар гурӯҳи худ дарҷойи охирин қарор гирифтанд.

Баъдан дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии севуми худ бароиҷойҳои 9-12-ум бар тими Урдун бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ниҳоят, футболбозони тоҷик дар бозии чаҳорум ва охиринашон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, мақоми 9-умро касб карданд.

скачать dle 10.2 КиноСвин