До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи кумиҷроияи КМО ҶТ

Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи кумиҷроияи КМО ҶТ

Имрӯз, 24 июн, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи КМО ҶТ баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:   

1. Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи миллии олимпии       

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соли 2015 то июни   

соли 2016.

2. Дар бораи ҷараёни иҷрои "Барномаи мусоидат ба омодагии номзадҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де–Жанейрои Бразилия ва ширкати ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин бозиҳо”.

3. Дар бораи фаъолияти гурӯҳи корӣ ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро.

4. Дар бораи омодагиҳо ба Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачаҳои Осиё» дар шаҳри Якутски Федератсияи Россия.

5. Дар бораи омодагиҳо ба Бозиҳои осиёии назди соҳилӣ дар Ветнам.

6. Дар бораи тасдиқи санаи баргузорӣ, макон ва рӯзномаи Ассамблеяи XV Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Дар ин ҷаласа котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев дар бораи фаъолияти Кумитаи миллии олимпии кишвар дар давраи соли 2015 то июни   

соли 2016 ҳисобот дод. Ӯ зикр намуд, ки ҳоло варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд. Варзишгари машҳур гурзпарто Дилшод Назаров аввалин шуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардидааст. Олимпиадаи Рио барои гурзандози тоҷик Олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.

Баъдан ду паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - дар риштаи дзюдо ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳанд кард.

Инчунин Анвар Юнусов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки дар пойтахти Озарбойҷон – Боку - ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Зимнан, Анвар барои севумин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳадкард.

 

Роҳхати панҷумро ба Олимпиадаи Рио-2016 давандаДаврон Атабоев дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – доир гашт, ба даст овард. Ӯ масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд ва меъёри литсензияи олимпиро иҷро кард.

 

Баҳрулло Раҷабалиев иброз дошт, ки ба кишвари мо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ихтисос дода мешавад. Инчунин дар риштаҳои тирандозӣ ва вазнабардорӣ низ ба Тоҷикистон ҷудо кардани квота дар назар аст.

 

 

 

 

 

 

Аъзои кумитаи иҷроияи КМО ҶТ дар ин ҷаласа суханронӣ карда, ҷиҳати омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Рио-2016 ва вусъати ҳамкориҳои Кумитаи миллии олимпӣ бо федератсияҳои варзишӣ таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

 

Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки Ассамблеяи XV Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 июли соли 2016 соати 10 дар маҷлисгоҳи КМО ҶТ баргузор карда шавад. Ба рӯзномаи Ассамблеяи навбатӣ масъалаҳои зерин гузошта шаванд:

1. Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи миллии олимпии       

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соли 2015 то июни   

соли 2016.       

(Маърӯзачӣ: котиби генералии КМО ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев).

2. Ҳисобот дар бораи фаъолияти молиявию хоҷагии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соли 2015 тоиюни 

соли 2016.       

(Маърӯзачӣ: раиси комиссияи назорату тафтишоти КМО ҶТ Нурулло Лоиқов).

3. Масъалаҳои ҷорӣ.

 

Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

 

          

 

 

 

скачать dle 10.2 КиноСвин