До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Бозгашти варзишгарони тоҷик аз Чирчиқи Ӯзбекистон бо дувоздаҳ медал

Бозгашти варзишгарони тоҷик аз Чирчиқи Ӯзбекистон бо дувоздаҳ медал

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми бози ҷудои Осиё миёни навҷавонону наврасон дар Чирчиқи Ӯзбекистон 12 медал ба даст оварданд.

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи XII байналмилалии "Ҷоми бози Осиё” оид ба ҷудо байни навҷавонону наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 12-15 май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон баргузор шуд, 12 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) гирифтанд.

Дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз панҷ кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – ширкат варзида, дар 8 вазн ҳам байни писарон ва ҳам миёни духтарон қувваозмоӣ карданд. Ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ, инчунин, имсол барои имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасони соли 2018 мубориза бурданд.

Дар сабқати навҷавонону духтарон гуштигирони тоҷик 3 медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳоҷимашраб Раҳмоновдар вазни то 90 кило, Темур Раҳимовдар вазни то 100 кило ва Хуршед Маҷидовдар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон -  Раҳматуллобек Фарҳодов (-73 кг) ва Ёқубҷон Назиров (-81 кг) - бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Инчунин дар сабқати духтарон Шабнам Раҳимова дар вазни то 48 кг медали биринҷӣ гирифт.

Дар ҳисоби дастаӣ дар сабқати навҷавонон мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 13 медали тилло, 11 нуқра ва 16 биринҷӣ ғолиб шуд. Русия (1-1-1) дувум ва Қазоқистон (1-0-0) севум шуданд. Дастаи Тоҷикистон (0-3-3) дар ҷойи чорум қарор гирифт.

Дар сабқати наврасон варзишгарони тоҷик соҳиби се медали тилло, як  нуқра ва ду биринҷӣ гардиданд. Медалҳои тиллоро ба Тоҷикистон Ҷаҳонгири Шамолӣ дар вазни то 73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 81 кило ва Шоҳида Қаландарова дар сабқати духтарон дар вазни то 57 кило оварданд. Ёқубҷон Назиров (-81 кг) медали нуқра, Улуғбек Раҳимов (-81 кг) ва Шарифҷон Назриев (-90 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар сабқати наврасон низ мунтахаби Ӯзбекистон (12-10-15) мақоми аввалро касб кард. Тоҷикистон (3-1-2) дувум, Қазоқистон (0-2-1) севум, Русия (0-1-1) чорум ва Қирғизистон бо як медали нуқра панҷум шуданд.

 

Нарзуллоҳи Латиф

 

скачать dle 10.2 КиноСвин