До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Эстафетаи машъали Бозиҳои олимпии Рио-2016 шуруъ шуд

Эстафетаи машъали Бозиҳои олимпии Рио-2016 шуруъ шуд

В Бразилии стартовала эстафета олимпийского огня

Эстафетаи машъали Бозиҳои олимпии Рио-2016-ро аввалин шуда чемпиони дукаратаи олимпӣ дар ҳайати тими мунтахаби Бразилия оид ба волейбол Фабиана Клаудино аз пойтахти Бразилия оғоз бахшид.

Машъали олимпӣ аз шаҳри Лозаннаи Швейтсария тавассути тайёра ба шаҳри Бразилиа - пойтахти Бразилия ба резидентсияи Президенти ин кишвар оварда шуд. Маҳз аз ҳамин нуқта он давоми 95 рӯз 20 000 километрро дар рӯи замин ва 10 000 километрро дар ҳаво тай карда, 5 август ба Рио-де-Жанейро - варзишгоҳи Маракана дар расми кушодашавии бозиҳои олимпӣ мерасад ва машъали Бозиҳои тобистонаи олимпиро меафрӯзад.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи апрел дар вайронаҳои олимпии нимҷазираи Пелопонеси Юнон расми бошукӯҳи афрӯхтани машъали Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-2016 сурат гирифта буд.

скачать dle 10.2 КиноСвин