До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дар ниммарафони Душанбе давандаҳо аз Кения ва Қирғизистон ғолиб шуданд

Дар ниммарафони Душанбе давандаҳо аз Кения ва Қирғизистон ғолиб шуданд

16 апрел дар шаҳри Душанбе ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонбаргузор шуд.

16 апрел бахшида ба Рӯзипойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ниммарафони байналмилалӣ бо ширкати варзишгарони касбӣбаргузор шуд. Ин ниммамарафон, ки барои бори ҳафтум доир гашт, соати 9-и субҳ аз "Наврӯзгоҳи Пойтахт", воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ,оғоз ёфт ва то хатти маррааш, ки "Майдони Дӯстӣ" дар маркази Душанбе аст, ҷараён гирифт.

Дар нимамарафони байналмилалии Душанбе имсол ба ҷуз аз давандаҳои тоҷик, варзишгарон аз кишварҳоимухталиф, ба монанди Афғонистон, Беларус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Канада, Кения, Русия, Узбакистон, Украина, Фаронса, Эрон ва ғайра ширкат варзиданд.

Дар ин мусобиқаи дав, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар гирифт, миёни мардон Кибого Вилсон аз Кения ғолиб шуд. Андрей Петров аз Ӯзбекистон ҷойи дувум, Иван Бабарика аз Украина ҷойи севум ва Ҳасан Ғаффоров аз Тоҷикистон ва ҷойи чаҳорумро касб карданд. Ҷойи панҷум насиби Алмат Имашев аз Қазоқистон ва ҷойи шашум насиби Владислав Мамедов аз Ӯзбекистон шуд.

Дар байни занон Даря Маслова аз Қирғизистон аввалин шуда  ба марра расид. Ҷойи дуюмро Жанатбек Гулжанат аз Қазоқистон, ҷойи сеюмро Олга Котовская аз Украина, ҷойи чорумро Мария Карабитская аз Қирғизистон, ҷойи панҷумро Курия Милитсен аз Кения ва ҷойи шашумро Марина Хашлевская аз Ӯзбекистон ба даст оварданд.

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баъд аз зӯҳрирӯзи шанбеи 16 апрел дар як маросими пуршукӯҳ, ки дар маҷлисгоҳи«Душанбе Плаза» баргузор шуд, ғолибони 7-умин ниммарафони байналмилалии Душанберо бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ кард.

Варзишгароне, ки дар ин ниммарафони байналмилалӣ ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо мукофоти пулӣ сарфароз шуданд. Барои ҷойҳои аввал миёни мардону занон ҷоизапулӣ ба маблағи 27 ҳазору 510 сомонӣ ё муодили 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Маблағи камтарини ҷоиза барои ҷойҳои шашум 11 ҳазору 790 сомонӣ ё муодили 1500 долларро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ниммарафони байналмилалӣ Юрий Чечун аз шаҳри Самараи Русия дар байни мардон ва Юлия Чиженко аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия миёни занон ғолиб шуда буданд.

Бояд тазаккур дод, ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки аз соли 2010-ум баргузор мешавад, аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти байналмилалии дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.

Нарзулло Латифов,

Хадамоти иттилоотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

 

скачать dle 10.2 КиноСвин