До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма

Ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма

DSC_9390 - копия 

Имрӯз, 1 март, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими Васоити Ахбори Омма — Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи васоити ахбори умум»-ро ифтитоҳ намуд.

Мавриди зикр аст, ки таъсиси муассисаҳои нави телевизионӣ дар баробари шабакаҳои дигари давлатии телевизион ва радио дар даврони соҳибистиқлолӣ тӯҳфаи арзанда барои кормандони соҳа ва қадами бузурге дар роҳи таъмини амнияти иттилоотӣ ва пур кардани фазои иттилоотии кишвар мебошад.

Барои таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш”, Муассисаи давлатии телевизиони "Синамо” ва Муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” Қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, шахсони соҳибтаҷрибаи соҳа роҳбарони академия ва шабакаҳои мазкур таъин карда шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ бо пахши тугмача ба пахши барномаҳои Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш оғоз бахшид. Акнун дар шабакаи махсус ҳаводорони намудҳои гуногуни варзиш, мухлисони футбол метавонанд бо руйдодҳои олами варзиши мамлакат ва ҷаҳон шинос шаванд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъсиси телевизиони варзиш бо таваҷҷуҳи хос таъкид намуд, ки нишондодҳои рӯзафзуни варзишгарони тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон баробари кушодани ин шабакаи нав бояд васеъ инъикос карда шавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки пахши барномаҳо мувофиқ ба талаботи имрӯза дар формати HD ба роҳ монда мешавад, ин омил имконият медиҳад, ки намоишҳо бо сатҳу сифати баланди садову симо ба тамошобин пешкаш карда шавад. Дастгоҳҳои наворбардорӣ, танзим ва пахши барномаҳо бо ин формати навтарини технологияи комуникатсионӣ фаъолият менамоянд, ки аз дастовардҳои навтарини техникаи соҳаи телевизионӣ мебошад. Бо чунин мушаххассоти техникӣ пахш кардани барномаҳои телевизионӣ дар пешрафти соҳа як қадами ҷиддӣ ба шумор рафта, ҷалби ҳарчи бештари тамошобинонро ба телевизионҳои ватанӣ таъмин менамояд.

Барномаҳои шабакаҳои навтаъсиси телевизионии Варзиш ва Синаморо бошад, дар якчанд давлати дунё тавассути моҳвора тамошо намуда, наздики 60 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз пахши рақамӣ аз намоишҳо бархурдор мегарданд. Яке аз вазифаҳои дигари телевизионҳо ба воситаи завқу салиқаи баланд ва таври шоиста омода кардани барнмоҳо нишон додани зебоиҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва таъриху фарҳанги пурғановати мо мебошад.

Дар ошёнаи якуми бинои тозатаъсис 15 ҳуҷраи корӣ, як китобхона, як студияи сабт барои Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо», дар ошёнаи дуюм 17 ҳуҷраи корӣ ва ду студияи сабт барои Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» ва дар ошёнаи сеюм 11 ҳуҷраи корӣ ва як маҷлисгоҳ бо 180 ҷой барои Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» ҷудо карда шудааст. Маблағи умумии корҳои иҷрошуда 4 миллиону 221 ҳазору 661 сомониро ташкил медиҳад.

Баъди ифтитоҳи шабакаи телевизионии Варзиш ва шиносоӣ бо студияи сабт, танзимгоҳҳо ва дигар утоқҳои корӣ дар ошёнаи сеюми ҳамин бинои нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи давлатии телевизиони Синамо оғоз бахшид.

Шабакаи Синамо бо таҳияи филмҳои ҷолиб, инчунин таъриху тамаддун ва анъанаҳои қадимаи миллати тоҷик ва зебоиҳои нотакрори кишварро дар ҷаҳон бояд муаррифӣ намояд.

Мавриди зикр аст, ки бо таъсис ёфтани се муассисаи мазкур 215 ҷойи кории нав, аз ҷумла дар Телевизиони «Варзиш» 113 воҳиди корӣ, Телевизиони «Синамо» 75 воҳиди корӣ ва Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон 27 воҳиди корӣ фароҳам оварда шуд, ки музди маоши моҳонаи кормандон то 2000 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Баъди фароҳам овардани шароити корӣ дар ин муассисаҳо барои ҷалби мутахассисони ҷавону болаёқати соҳа озмун гузаронида шуд. Дар натиҷа мутахассисон аз шабакаҳои телевизионию радиоӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ба кор қабул карда шуданд.

Барои пешбурди кори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» як қатор таҷҳизоти техникӣ ва маводҳои ороишӣ ба маблағи 1 миллиону 375 ҳазору 960 сомонӣ харидорӣ гардидааст. Маблағи харҷи таҷҳизоти техникии телевизиони "Варзиш” 1 миллиону 237 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Академияи Васоити Ахбори Омма шуъбаҳои телевизион ва радио, нашриёти даврӣ, технологияҳои иттилоотӣ, омӯзиши компютер ва ороиши дизайнерӣ амал мекунад ва бозомӯзии кормандони соҳа асосан дар ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки то имрӯз дар хориҷи кишвар омӯзонда мешуд.

Ҳамзамон, мутахассисони соҳа метавонанд аз махзани китобхонаи ин Муассиса, ки дорои 8000 адабиёти илмию бадеӣ ва соҳавӣ мебошад, бемамоният истифода баранд. Муҳлати таълим дар Академия аз 1 моҳ то як сол буда, баъди омӯзиши барномаҳои таълимӣ ба шунавандагон шаҳодатнома дода мешавад. Инчунин, рафти омӯзиш бо истифода аз студияи таълимӣ бо воситаҳои аёнӣ ва техникаи муосир сурат гирифта, машғулиятҳо дар ин самт бо ҷалби собиқадорону мутахассисони варзидаи соҳа, коршиносони дохил ва хориҷи кишвар аз рўйи ихтисосҳои барои кормандони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар хизмати кормандони Муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон 1 адад, Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш” 3 адад ва барои пешбурди кори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» 2 адад автомашина қарор дорад.

Баъди ифтитоҳи ин се муассисаи нав дар толори зебову барҳаво Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳа, рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионию радиоии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати самимӣ доир кард.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин муассисаҳоро ба ҳозирин табрик намуда, онро дар рӯзҳои аввали фасли зебои баҳорӣ ва дар арафаи истиқбол аз 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сокинони мамлакат маънидод кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи рӯзноманигоронро ба таҳияи барномаҳои пурмуҳтаво оид ба таъриху фарҳанг, расму оин, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстии шаҳрвандон, рушди бахшҳои муҳими кишвар, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ва дигар комёбиҳои ҷумҳурӣ ҷалб кард.

Зимни мулоқот кормандони соҳа ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои рӯзафзунашон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Бешак ифтитоҳи ин се муассисаи соҳа дар фазои иттилоотии кишвар дастоварди беназир маҳсуб меёбад, зеро то имрӯз дар кишвар бо шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шабакаҳои муосири телевизионию радиоӣ таъсис ёфта, бо барномаҳои гуногунжанри худ Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар» 


скачать dle 10.2 КиноСвин