До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 19.05.2014 Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон дувум шуд

19.05.2014 Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон дувум шуд

Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣдар Олмон мақоми дувумро касб кард.

Ин мусобиқа, ки рӯзи шанбеи 17-уми май дар шаҳри Ҳаллеши Олмон баргузор шуд, барояш дар мавсими имсола аввалин буд.Дилшод Назаровгурзро ба масофаи 79 метру 58 сантиметр ҳаво дод, ки ин нисбат ба ғолиби мусобиқаПавел Файдеказ Лаҳистон ҳамагӣ 9 сантиметр камтар аст. Ҷойи севум бо натиҷаи 76,83 м насибиСергей Литвинови русиягӣ гардид.

Дилшод Назаров дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфтааст,"ин мусобиқаи хеле пурнуфуз буд, ки дар он на танҳо зӯртарин гурзандозҳо, инчунин, варзишгарон дар навъҳои дигар, ба монанди партоби найза, партоби вазна ва партоби диск қувваозмоӣ карднд. Ин як санҷише буд пеш азмусобиқа аз силсилаи Ҷоми даъвати ҷаҳонии варзиши сабук.2-юми июн чунин мусобиқа дар шаҳри Бидгоши Лаҳистон барпо мегардад. Вале барои ман имсол ду мусобиқаи бузургтарин – яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигареБозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.”

Дилшод Назарови 32-сола аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона - соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 31 сантиметр мебошад.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равонмуовини раиси Кумитаиҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари соли 2013 эълон кардааст.

скачать dle 10.2 КиноСвин