До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Омодагӣ ба Бозиҳои V соҳилии Осиё дар Ветнам

Омодагӣ ба Бозиҳои V соҳилии Осиё дар Ветнам

Рӯзи 18 феврал дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласа барпо гардид, ки дар он масъалаи омодагӣ ба Бозиҳои V соҳилии Осиё дар Ветнам баррасӣ шуд.

Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев доир шуд, кормандони масъули КМО ва намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ ширкат доштанд.

Баҳрулло Раҷабалиев  иброз дошт дар Бозиҳои V соҳилии Осиё, ки аз 24 сентябр то 3 октябри соли 2016 дар шаҳри Да Нанги Ветнам баргузор мешаванд, варзишгарони 45 кишвар оид ба 14 намуд рақобат мекунанд. Вай гуфт, ки дар ин бозиҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи 12 намуд - баскетбол, гуштии соҳилӣ, гуштии кураш, варзиши сабук, шиноварӣ, самбо, футбол, волейбол, ҳандбол, ҷиу ҷитсу, муайтай ва бадансозӣ ширкат хоҳад кард.

Директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллоев намояндагони федератсияҳоро бо Низомнома ва Барномаи Бозиҳои V соҳилии Осиё ошно намуда, дар бораи ҷараёни омодагӣ ба ин бозиҳо иттилоъ дод.

Федератсияҳои миллии варзишӣ вазифадор шуданд, ки барои иҷрои нақшаи омодагӣ ва ширкат дар ин бозиҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки соли 2014 дар шаҳри Фукети Тайланд баргузор шуда буданд, 1 медали тилло (Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, гуштии кураш) ва  2 медали биринҷӣ (Саидҷалол Саидов, кураш ва Ҷомӣ Латифов, муайтай) ба даст оварданд.

Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии

олимпии Тоҷикистон

 

скачать dle 10.2 КиноСвин