До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Анҷумани Ҳамбастагии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё дар Тошканд

Анҷумани Ҳамбастагии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё дар Тошканд

Рӯзҳои 24-25 ноябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон анҷумани Ҳамбастагии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё бо иштироки  70 намояндаи расмӣ аз 24 кумитаи миллии олимпии  Осиёи Марказӣ,  Осиёи ғарбӣ  ва Осиёи ҷанубӣ баргузор  шуд.

Дар ин анҷуман ҷонишини вазири фарҳанг ва варзиши Ӯзбекистон Муродҷон Алиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии ин кишвар Ойбек Қосимов,  намояндаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ Оливиер Ниамки, намояндаи Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон ва намояндаи Кумитаи тадорукоти Бозиҳои XXXI олимпии соли 2016дар Рио–де–Жанейрои Бразилия Сараҳ Петерсон ҳузур доштанд.

Тоҷикистонро дар ин анҷуман директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллоев ва корманди масъули КМО ҶТ Мурод Азимов намояндагӣ карданд.

Дар ин анҷуман ба ширкаткунандагон  дар бораи қонуну қоидаҳо, талабот ва марҳилаҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои XXXI олимпии Рио–2016 (дарёфти аккредитатсия, сари вақт пешниҳод намудани дархост аз рӯи намудҳое, ки варзишгарон иштирок менамоянд, таъмини маблағ барои ҷойи хоби иштирокчиён, аъзои ҳайати дастаи олимпӣ ва шахсони воломақом, таъмини амният, омодагии макони баргузории бозиҳо ва деҳаи олимпӣ) маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин ширкаткунандагон  бо қонуну қоидаҳои нави истифодаи барномаҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё шинос гаштанд.

Дар анҷуман эълон карда шуд, ки хароҷотҳо вобаста ба роҳкиро, хобу хӯрок, таъмини нақлиёти дохила дар Бразилия барои варзишгарон, ҳайати расмии дастаи олимпӣ ва роҳбарияти кумитаҳои миллии олимпӣ аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои XXXI олимпии соли 2016 дар Рио–де–Жанейро  пардохт карда мешавад. Инчунин Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Рио–2016 эълон намуд, ки алакай омода ҳаст варзишгаронро барои баргузор намудани  машғулиятҳои таълимию машқӣ қабул намояд, вале ин гуна харҷҳо бояд аз ҳисоби кумитаҳои миллии олимпӣ пардохт карда шавад.

Ширкаткунандагони анҷуман аз қароргоҳи нави Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон дидан карданд.

Маркази матбуоти КМО Тоҷикистон

 

 

 

 

 

скачать dle 10.2 КиноСвин