До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Душанбе

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Душанбе

Имрӯз, 5 октябр, дар Душанбе сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон имрӯз, 5 октябр, дар Душанбе оғоз ёфт. Мусобиқа бо ширкати 40 гуштингир (23 нафар аз Тоҷикистон ва 17 нафар аз кишварҳои хориҷӣ) аз 13 кишвар дар майдони тенниси Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон” соати 16 шурӯъ шуд.

Маҳмуди Абдулло, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуфт, "дар ин мусобиқа, ки барои севумин бор дар рӯзи мавлуди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мешавад, варзишгарони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон), инчунин намояндагони Афғонистон, Беларус, Италия, Куба, Миср, Русия, Эрон ва Юнон ширкат доранд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа паҳлавонони маъруфи кишвар, ба мисли Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов, Зиёратшо Баротов ва дигарон намояндагӣ мекунанд. Мусобиқа дар вазни мутлақ, яъне аз 81 кило боло сурат гирифтааст”.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ғолиб ба ҷуз Ҷоми Президенти кишвар бо ҷоизапулӣ ба маблағи 7 ҳазор доллари ИМА сарфароз мегардад. Ба гуштингире, ки ҷойи дувумро мегирад, 4 ҳазор доллар супурда мешавад. Варзишгароне, ки ҷойҳои севумро соҳиб мешаванд, бо 2 ҳазор долларӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Маросими ифтитоҳи сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон бегоҳи душанбе, соати 18 дар майдони тенниси Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон” баргузор шуд.

 

скачать dle 10.2 КиноСвин