До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 18.04.2014 Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт

18.04.2014 Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт

Марафони соли гузашта дар Душанбе.

19-уми апрел дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад.

Ба иттилоиРаёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, барои ширкат дар ин ниммарафони байналмилалӣ, ки барои бори панҷум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе доир мешавад, ба ҷуз варзишгарони тоҷик давандаҳои касбӣ (мардону занони синнашон аз 18-сола боло) аз Афғонистон, Беларус, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон, Украина ва Эрон дархост пешниҳод кардаанд. Инчунин ширкати варзишгарони Лубнон, Марокаш, Покистон, Туркия, Чин ваЭфиопия низ дар назар аст.Бояд гуфт, киимсол ниммарафони байналмилалии Душанбе ба рӯйхати мусобиқоти давиҷаҳонӣшомил шудааст.

Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, аз рӯи масири дав – Наврӯзгоҳи Душанбе – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони "Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) барпо мегардад.

Барои баргузории ниммарафони байналмилалӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ202 ҳазор сомонӣ, муодил ба 40 ҳазор доллари амрикоӣ,ихтисос дода шудааст. Ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ супурда хоҳад шуд. Ҳамчунин варзишгароне, ки ҷойҳои аз 2-юм то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд: ҷойҳои 2-юм – 3000-долларӣ, 3-юм – 2500-долларӣ, 4-ум – 2000-долларӣ, 5-ум – 1800-долларӣ ва 6-ум – 1500-долларӣ. Мукофотро ба ғолибону беҳтаринҳои пойга дар маросими ботантана бахшида ба Рӯзи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев месупорад.

Инчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахт ҳамзамон пойга миёни бачаҳои синнашон аз 8 то 10-сола ба масофаи 3 км, аз 10 то 12-сола ба масофаи 5 км, аз 12 то 15-сола ба масофаи 8 км барпо мегардад ва ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои шаҳрдории Душанбе сарфароз мешаванд

скачать dle 10.2 КиноСвин