До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 08.04.2014 Ширкати муштзанҳои тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ

08.04.2014 Ширкати муштзанҳои тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ



Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки имрӯз, 8-уми апрел, дар Варшава шурӯъ шуд, ширкат меварзад.

Мусобиқаи XXXI байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи мураббии варзида Феликс Штамм дар пойтахти Лаҳистон то рӯзи 13-уми апрел идома меёбад.Анвар Юнусовдар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм рақобат хоҳад кард.

Дар ин бора раиси Федератсияи бокси ТоҷикистонБобоҷон Маҳмадрасуловхабар дод. Вай афзуд,"муштзанҳои тоҷик, инчунин, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон, ки рӯзҳои 13-25-уми апрел дар пойтахти Булғористон – София – баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон чаҳор муштзани ҷавони тоҷик –Умед Ёқубовдар вазни то 52 кг,Шаббос Неъматуллоевдар вазни то 69 кг,Меҳрубон Сангиновдар вазни то 75 кг ваДалерҷон Сулаймоновдар вазни беш аз 90 кг, сармураббӣАббос Неъматуллоевва мураббӣМаҳмадҷон Сулаймоновдохиланд.Дар чемпионати ҷаҳон дар София муштзанҳои мо, инчунин, барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин мубориза мебаранд.”

Дарвоқеъ, Шаббос Неъматуллоевсоли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни наврасон, ки дар шаҳри Киев баргузор шуда буд, бо медали нуқра сарфароз шудааст.Инчунинвайимсолдар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни ҷавонон дар пойтахти Тайланд – Бангкок медали нуқра,Меҳрубон Сангинов ва Далерҷон Сулаймоновнишонҳои биринҷӣ ба даст овардаанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон дар София ширкати намояндагони 105 федератсияи миллӣ - 606 муштзан (506 писар ва 100 духтар) дар назар аст.

Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (АИБА) дар сомонаи худ эълон кардааст, ки мусобиқаи қарибулвуқӯъ аз ҳама ҷиҳат таърихист. Ин охирин мусобиқаи интихобӣ барои ширкат дар Бозиҳои дувуми олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин мебошад.

Барои аввалин бор духтарони муштзан дар Олимпиадаи наврасон ширкат хоҳанд кард. Онҳо дар мусобиқот дар се дараҷаи вазнҳои олимпӣ: (48-51 кг), (57-60 кг) ва (69-75 кг) рақобат мекунанд. Дар сабқати писарон дар ҳар як вазн панҷ нафар беҳтаринҳо ва дар байни духтарон чаҳор нафар беҳтаринҳо аз кумитаҳои миллии олимпӣ ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии наврасон дар соли 2014 мушарраф мешаванд.

скачать dle 10.2 КиноСвин