До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


Имрӯз, 31 август, зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои ҳавзи шиноварӣ бо 1800 ҷойи нишаст иштирок карда, бо буридани лентаи рамзӣ ин иншооти калони варзиширо ба истифода дод.

 

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб соли 2013 бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони қасри болопӯшидаи намудҳои обии варзиш оғоз бахшида буд, ки дар давоми ду сол он бунёд гардид.
Тибқи лоиҳа, қасри варзиши обӣ сеошёна буда, дар он 120 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дарозию паҳноии ҳавзи асосии шиноварии бино 50 ба 16 метр аст, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.
Дар асоси нақша ин иншоот аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Комил-2010» аз ҳисоби маблағҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст.
Чунин ҳавзи шиноварии болопӯшида то ин муддат дар шаҳр вуҷуд надошт ва дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун маркази замонавии тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди истифода қарор гирифт.
Акнун баъди бунёди ҳавзи пӯшидаи шиноварӣ варзишгарон дар тамоми фасли сол имкони сайқал додани маҳорати худро пайдо менамоянд.
Дар оянда бо истифода аз имконоти мусоид чорабиниҳои сатҳи баланд низ ташкил гардида, иштироки варзишгарони шаҳри Кӯлоб дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар хоҳад гашт.

Манбаъ:www.khovar.tj

скачать dle 10.2 КиноСвин